21.06.2021
: 827
Узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба таеквондо ВТФ Муҳаммадҳасан Шомаҳмадов дар мусобиқаи байналмилалии “Taekwondo Beirut Open” сазовори медали биринҷӣ шуд.
Мусобиқа дар идомаи Чемпионати Осиё оид ба таеквондо (16-18 июн) 19-21 июн бо иштироки варзишгарони 28 давлати ҷаҳон баргузор шуд.
Ба иттилои Федератсияи таеквондо ВТФ-и Тоҷикистон, Муҳаммадҳасан Шомаҳмадов дар вазни -80кг дар ду давр бар варзишгарони Нигерия (Итику Петер Осаро), Қазоқистон (Нурлан Мирзобоев) дастболо шуд, вале дар нимфинал аз варзишгари Узбекистон Никита Рафалович мағлуб ва ҷои сеюмро сазовор шуд.
Дигар варзишгаронамон - Шоҳрух Баротов (вазни -58кг), Муҳаммадҳусейн Шоҳмаҳмадов (-68кг), Хуррам Меҳтаршоев (-74кг), Муниса Ойматова (-49кг) ва Муниса Исматова (-62кг) дар даврҳои аввал аз ҳарифонашон мағлуб шуданд.