18.06.2021
: 834
Узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба таеквондо ВТФ Моҳру Ҳалимова дар Чемпионати Осиё сазовори медали биринҷӣ шуд.
Чемпионати Осиё оид ба таеквондо 16-18 июн дар шаҳри Бейрути Лубнон бо иштироки 186 варзишгар аз 30 давлат баргузор шуд.
Ба иттилои Федератсияи таеквондо ВТФ-и Тоҷикистон, Моҳру Ҳалимова дар вазни -67кг муҳорибаро аз даври чорякфинал оғоз карда, бар намояндаи Корея Сонг Да Бин дастболо шуд. Сипас ӯ дар нимфинал аз варзишгари Урдун Ҷулйана Содиқ шикаст хурд ва ҷои сеюмро гирифт.
Шоҳрух Баротов (вазни -58кг), Муҳаммадҳасан Шоҳмаҳмадов (-80кг), Хуррам Меҳтаршоев (-74кг), Муниса Ойматова (-49кг) пас як пирӯзӣ дар чорякфинал, Муҳаммадҳусейн Шоҳмаҳмадов (-68кг) ва Муниса Исматова (-62кг) дар даври аввал аз ҳарифонашон мағлуб шуданд.
Ёдовар мешавем, ки ду довари дараҷаи байналмилалӣ аз Тоҷикистон - Давлатшо Мирзоев ва Вафоназар Алиназаров мусобиқотро дар ин чемпионат ҳамакамӣ намуданд.
Ба иттилои Федератсияи таеквондо ВТФ-и Тоҷикистон, варзишгарони мо, ҳамчунин 19-21 июн дар мусобиқаи байналмилалӣ – “Beirut Open” ширкат мекунанд.