16.06.2021
: 1674
Кумитаи байналмилалии олимпӣ, Кумитаи байналмилалии паралимпӣ ва Кумитаи тадорукоти Бозиҳои олимпӣ ва паралимпии Токио-2020 нусхаи сеюм ва ниҳоии “Playbook” - дастури қоидаҳоро барои иштирокчиёни Бозиҳои олимпии Токио нашр карданд.
Варзишгарон барои вайрон кардани қоидаҳои COVID-19 дар Токио-2020 бо маҳрумият ва ҷаримаҳо рӯбарӯ мешаванд.
Пиер Дюкрей, директори амалиёти Бозиҳои олимпии Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) иброз намудааст, ки нисбат ба варзишгарон, мураббиён ва шахсони расмӣ, ки тадбирҳои муқарраркардаи ташкилотчиёнро барои коҳиш додани хавфи сироятёбӣ ба COVID-19 риоя намекунанд, муносибат ҷиддӣ хоҳад буд.
Масъулони робита бо COVID-19, ки аз ҷониби ҳар як кумитаи миллии олимпӣ ва кумитаи миллии паралимпӣ таъин карда шудаанд, вазифадор карда мешаванд, ки масъулинро дар бораи вайронкориҳо дар ҳайати худ огоҳ кунанд.
Тибқи ин санад, нафароне, ки ба қоидавайронкунӣ даст мезананд, метавонанд "огоҳӣ" гиранд, корти акредитатсиониашон муваққатан ё доимӣ бозпас гирифта шавад, муваққатан ё доимӣ аз бозиҳо хориҷ карда шаванд, ҳатто ба таҳримоти молиявӣ дучор шаванд.
Варзишгарон бояд чораҳои фосилаи иҷтимоиро, ба мисли пешгирӣ аз оғӯш ва дастфишорӣ риоя кунанд ва ба минтақаҳои сайёҳӣ, мисли тарабхонаву қаҳвахонаҳо нараванд. Аз онҳо ҳар рӯз дар бозиҳо барои коронавирус озмоиш гирифта мешавад.
Дар асоси дастури дигар, ки пешниҳод шудааст, варзишгароне, ки имкони рақобат дар финалро, бо сабаби натиҷаи мусбати озмоиши COVID-19, надоранд, соҳиби медали нуқра хоҳанд шуд.
Тибқи стратегия, шахсе, ки бо сабаби озмоиши мусбати коронавирус рақобат карда наметавонад, на ҳамчун "маҳрум кардан", балки ҳамчун "ба рақобат ҳозир нашуд" тасниф карда мешавад.
Шакли англисии нусхаи сеюми “Playbook”-ро аз инҷо дарёфт карда метавонед.