15.06.2021
: 2919
Довари дараҷаи байналмилалӣ оид ба бокс аз Тоҷикистон Мансур Муҳиддинов мусобиқоти боксро дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 ҳакамӣ мекунад.
Ин рӯйдод бори аввал дар таърихи бокси кишвар аст. Ӯ аз ҷониби гурӯҳи махсуси Кумитаи байналмилалии олимпӣ оид ба бокс ба мусобиқаҳои интихобии олимпии Африқо ва Аврупо даъват шуда, маҳорати баланди ҳакамӣ нишон дод ва дар баробари 36 нафар ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 даъват гардид.
Ба гуфтаи Мансур Муҳиддинов аз кишварҳои ИДМ 5 нафар ба Олимпиада даъват шуданд – доварон аз Россия, Украина, Озарбойҷон, Қазоқистон ва Тоҷикистон.
Мансур Муҳиддинов соли 1977 таваллуд шуда, аз соли 1991 ба бокс машғул мебошад. 10 сол варзишгар, аз ҷумла 5 сол узви дастаи мунтахаби кишвар оид ба бокс буд ва ҷоизадори бисёр мусобиқаҳои байналмилалӣ аст.
Аз соли 2001 ба кори мураббигӣ ва доварӣ гузашт. Соли 2010 ситораи дараҷаи 1-и Ассотсиатсияи байналмилалии бокси ҳаваскориро (AIBA) гирифт. Пас аз ҳафт сол имтиҳон супорида, ситораи дараҷаи 2 ва соли 2018 ситораи дараҷаи 3 (довари дараҷаи олимпӣ)-ро ба даст овард.