14.06.2021
: 803
Дуюм мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис миёни ҷавонон дар шаҳри Душанбе бо пирӯзии намояндагони Россия ва Қазоқистон анҷом ёфт.
Абдурасул Муҳиддинов, котиби генералии ФТТ, хабар дод, ки дар дуюм мусобиқаи байналмилалии “Tajikistan Open” 109 варзишгари ҷавон аз 13 давлат, мисли Олмон, Амрико, Британия, Ҳиндустон, Россия, Украина, Белорус, Қазоқистон, Узбекистон, Словакия ва Тоҷикистон ширкат карданд.
Дар қувваозмоиҳои инфиродӣ миёни писарон Амирҳамза Насриддинов аз Россия ғолиб шуд. Ӯ дар мусобиқаи якуми “Tajikistan Open” низ пирӯз шуда буд. Ҷои дуюм насиби варзишгар аз Қазоқистон Йердилда Йерассил гардид.
Дар рақобати ҷуфти писарон Амирҳамза Насриддинов (Россия) / Иссамҷон Шарифов (Тоҷикистон) ҷои аввал, Иля Ведмед (Қазоқистон) / Владислав Стругич (Белорус) ҷои дуюмро сазовор шуданд.
Миёни духтарон Дарига Рустамова аз Қазоқистон ғолиб шуд. Ҷои дуюмро Омина Валихонова аз Узбекистон ба даст овард.
Дар нерӯсанҷии ҷуфти духтарон Даря Гнейдина / Дарига Рустамова (Қазоқистон) мақоми аввал, Каракат Коилбаева / Дилноз Машабаева (Қазоқистон) мақоми дуюмро сазовор гардиданд.
Дар акс Амирҳамза Насриддинов