11.06.2021
: 751
9-10 июн дар доираи Бозиҳои варзишии Тоҷикистон-2021 дар шаҳри Душанбе, ҳамчунин мусобиқа оид ба таеквондо баргузор шуд.
Ба иттилои Федератсияи таеквондо ВТФ-и Тоҷикистон, дар мусобиқа 112 варзишгар (71 мард, 41 зан) аз минтақаҳои кишвар ширкат карда, дар 8 вазн миёни мардон ва 8 вазн миёни бонувон, тибқи қоидаҳои Созмони таеквондои ҷаҳонӣ (World Taekwondo) қувваозмоӣ намуданд.
Дар ҳайати даставӣ Душанбе бо бадаст овардани бештари медалҳо (11 тилло, 7 нуқра, 8 биринҷӣ) ғолиб шуд. Варзишгарони ШНТМ 3 тилло, 6 нуқра, 6 биринҷӣ, минтақаи Бохтар 3 тилло, 2 нуқра, 3 биринҷӣ, минтақаи Кӯлоб 1 тилло, 1 нуқра, 6 биринҷӣ, ВМКБ 1 нуқра, 8 биринҷӣ ва Суғд 1 нуқра, 1 биринҷӣ ба даст оварданд.
Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои варзишии Тоҷикистон-2021 ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон аз рӯи 15 намуди варзиш то 30-юми июн идома меёбад.
Тибқи тақвим 11-12 июн дар шаҳри Душанбе мусобиқаи самбо, 10-14 июн дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи волейбол миёни бонувон, 12-13 июн дар шаҳри Кӯлоб мусобиқаи вазнбардорӣ баргузор мешаванд. Ҳамчунин, то 30 июн баргузории мусобиқаҳо оид ба ҳендбол, баскетбол, волейбол миёни мардҳо, камонварӣ, бокс ва қайиқронӣ дар назар аст.
Ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои варзишии Тоҷикистон-2021 оид ба таеквондо:
БОНУВОН
-46кг
1. Фирӯза ЁРОВА (ШНТМ)
2. Манижа ҚОСИМБЕКОВА (ВМКБ)
3. Омина НЕЪМАТОВА (Душанбе)
3. Парвина ОДИНАЕВА (Кӯлоб)
-49кг
1. Мӯниса ОЙМАТОВА (Душанбе)
2. Дилнозаи ҲИКМАТУЛЛО (Душанбе)
3. Нушофарин РОЗИҚОВА (ШНТМ)
3. Рокия АЛИАҲМАДОВА (ШНТМ)
-53кг
1. Ширинмоҳ МИРШАКАРЗОДА (ШНТМ)
2. Шаҳодат ИСМОИЛОВА (ШНТМ)
3. Суман ҚОСИМОВА (Душанбе)
3. Кибриё ҶӮРАЕВА (ВМКБ)
-57кг
1. Насиба БОҚИЕВА (Душанбе)
2. Зарина ТУРСУНОВА (ШНТМ)
3. Равшан ШОХУРАМОВА (ВМКБ)
3. Дилноза НАЗАЛИЕВА (ВМКБ)
-62кг
1. Мӯниса ИСМАТОВА (ШНТМ)
2. Камила МУМИНОВА (Душанбе)
3. Фотима ВАЗИРОВА (ВМКБ)
3. Мадина ҲАЛИМОВА (Кӯлоб)
-67кг
1. Манижа МАДКАРИМОВА (Кӯлоб)
2. Малика ҲАКИМОВА (ШНТМ)
3. Мадина НАСРУЛОЗОДА (Душанбе)
3. Зумрад МИРМАСТОВА (ВМКБ)
-73кг
1. Дилором АБДУЛЛОЕВА (Бохтар)
2. Меҳрангез АБДУРАҲМОНОВА (Суғд)
3. Миҷгона НАЗАРОВА (Душанбе)
3. Шоира Одинаева (Кӯлоб)
+73кг
1. Рӯзигул САИДОВА (Душанбе)
2. Мунира Абдусаломова (ШНТМ)
3. Рухшона ҲАСАНОВА (ШНТМ)
3. Наврӯзмоҳ КАЙКОВУСОВА (ВМКБ)
МАРДҲО
-54кг
1. Далер АЛМАТОВ (Бохтар)
2. Манучеҳр НЕГМАТОВ (Душанбе)
3. Амрихудо НАЗАРОВ (ВМБК)
3. Бахтовар Шарипов (Душанбе)
-58кг
1. Шоҳрух БАРОТОВ (Душанбе)
2. Маҳмадраҷаби БОБОҶОН (Душанбе)
3. Худойбердӣ ПАҲЛАВОНОВ (ВМБК)
3. Рамазон ТОҶИЗОДА (Кӯлоб)
-63кг
1. Маҳмадҷон СУННАТОВ (Душанбе)
2. Муҳаммадзиё КАРИМОВ (Душанбе)
3. Биноӣ РАҲИМОВ (Кӯлоб)
3. Ямин ХУДОБАХШОВ (ВМБК)
-68кг
1. Муҳаммадҳусейн ШОҲМАҲМАДОВ (Душанбе)
2. Нуралӣ СОЛИҲОВ (Душанбе)
3. Парвиз САФАРОВ (Суғд)
3. Улуғбек АБДУЛЛОЕВ (ШНТМ)
-74кг
1. Хуррам МЕҲТАРШОЕВ (Душанбе)
2. Меҳроҷ ХОЛМАТОВ (ШНТМ)
3. Асламбек ФОЗИЛОВ (Душанбе)
3. Лутфулло АЛИШОН (ВМКБ)
-80кг
1. Муҳаммадҳасан ШОҲМАҲМАДОВ (Душанбе)
2. Ҳаким ҲАКИМОВ (Душанбе)
3. Акобир РАҲМОНОВ (ШНТМ)
3. Меҳроб ТАБАРОВ (Кӯлоб)
-87кг
1. Достон УМАРОВ (Бохтар)
2. Наимҷон САФОЛОВ (ШНТМ)
3. Шерзод КИНОТОВ (Душанбе)
3. Алишер ҒАРИБЗОДА (Душанбе)
+87кг
1. Фарҳод НЕГМАТОВ (Душанбе)
2. Баҳром ХОЛОВ (Душанбе)
3. Аҳлиддин ШАРИПОВ (Бохтар)
4. Рустам САЛОМОВ (ШНТМ)