Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

КМОТ ДАР КӮЛОБУ ТУРСУНЗОДА БАРОИ МАЪМУРОН ДАВРАҲОИ ОМӮЗИШӢ ДОИР КАРД

КМОТ ДАР КӮЛОБУ ТУРСУНЗОДА БАРОИ МАЪМУРОН ДАВРАҲОИ ОМӮЗИШӢ ДОИР КАРД КМОТ ДАР КӮЛОБУ ТУРСУНЗОДА БАРОИ МАЪМУРОН ДАВРАҲОИ ОМӮЗИШӢ ДОИР КАРД КМОТ ДАР КӮЛОБУ ТУРСУНЗОДА БАРОИ МАЪМУРОН ДАВРАҲОИ ОМӮЗИШӢ ДОИР КАРД

07.06.2021

: 2229

Бо ташаббуси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, 28-30 май дар шаҳри Кӯлоб, 4-6 июн дар шаҳри Турсунзода давраҳои омӯзишии Ҳамбастагии олимпӣ барои маъмурони соҳаи варзиш баргузор шуд.

Дар давраҳои омӯзишӣ намояндагони мактабҳо ва ташкилотҳои варзишии шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ширкат карданд.

Масъулони Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба иштирокчиён дар мавзӯъҳои гуногун, аз ҷумла “Роҳбарӣ ва таърихи Ҳаракати олимпӣ”, “Бозиҳои варзишӣ”, “Омодагӣ ба Бозиҳои олимпӣ”, “Мудирияти ташкилотҳои варзишӣ”, “Мубориза бо допинг”, “Маблағгузории Ҳаракати олимпӣ” ва ғайра маърӯза хонданд.

Зимни муҳокимаи мавзӯъҳо, аз ҷумла дар масъалаи омодагӣ ба Бозиҳои олимпӣ қайд гардид, ки барои асосноку мақсаднок таҳия намудани як барномаи мукаммали омодагӣ ба ба Бозиҳои олимпӣ, аз ҷумла дарёфти роҳхати олимпӣ тамоми паҳлуҳои соҳа бояд мавриди омӯзишу таҳлил қарор дода шавад. Ба ин васила вазъияти кунунӣ, имкониятҳои мавҷуда, мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳоро метавон муайян намуд.

Бо хушнудӣ қайд гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан Президенти ҷумҳурӣ, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи варзиш таваҷҷуҳи хоса доранд ва варзишгаронро аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ мекунанд. Таъсиси додани Ҷоизаи Президенти ҷумҳурӣ барои ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ яке аз иқдомҳои наҷиби Пешвои миллат барои ҳавасмандии варзишгарон мебошад.

Ба иштирокчиён сертификати Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, инчунин китоби “Дастурамали мудирияти варзиш” тақдим гардид.

Чунин давраҳои омӯзишӣ қаблан 9-11 апрел барои маъмурони соҳаи варзиши вилояти Суғд ва 20-22 май барои маъмурони соҳаи варзиши минтақаи Бохтари вилояти Хатлон доир гардида буданд.