04.06.2021
: 703
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба ҷудо дар ҳайати 6 нафар дар Чемпионати ҷаҳон ширкат мекунад.
Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо 6-13 июн дар шаҳри Будапешти Маҷористон баргузор мешавад. Ҷиҳати иштирок дар охирин мусобиқаи сатҳи байналмилалии ҷудо қабл аз Бозиҳои олимпӣ 692 варзишгар (406 мард, 286 зан) аз 129 давлат номнавис шудаанд.
Аз ҷумҳурии мо 6 нафар: Шаҳбоз Саидаброров (дар вазни -60кг), Акмал Муродов (-81кг), Комроншоҳ Устопириён, Ҷаҳонгир Маҷидов (-90кг), Темур Раҳимов (+100кг) миёни мардон, Шукрона Қарчиева (-48кг) миёни бонувон ба Маҷористон сафарбар гардиданд.
Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо варзишгарон барои ба даст овардани охирин холҳои олимпӣ кӯшиш мекунанд. Бо натиҷагирӣ аз чемпионат шакли ниҳоии радабандии олимпӣ нашр мешавад, ки дар асоси он иштирокчиёни Бозиҳои олимпии Токио-2020 муайян мегарданд.
Ҳамчунин, Федератсияи байналмилалии ҷудо ғолибону ҷоизадорони Чемпионати ҷаҳонро бо мукофопулии арзишманд қадрдонӣ менамояд: ҷои аввал – 26000 евро, ҷои дуюм – 15000 евро, ду ҷои сеюм – 8000 евро.
Барои ғолиби рақобати даставӣ бошад, 90000 евро, барои ҷои дуюм 60000 евро ва барои ду ҷои сеюм 25000 евро дар назар дошта шудааст.
Тибқи барномаи ЧҶ-2021 оид ба ҷудо қувваозмоиҳо аз 6 то 12 июн ҳар рӯз аз рӯи ду вазн (як вазн миёни мардон, як вазн миёни бонувон) сурат мегирад. Дар рӯзи охир – 13 июн рақобатҳои даставӣ доир мегардад.
5 варзишгар аз намуди ҷудо – Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода, Комроншоҳ Устопириён, Темур Раҳимов ва Шакармамад Мирмамадов аз дастгирии молиявии олимпӣ бархурдоранд ва барои ба даст овардани роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 талош мекунанд.
Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ як медали Чемпионати ҷаҳонро аз намуди ҷудо дорад. Паҳлавони шинохта Расул Боқиев соли 2007 дар Чемпионати ҷаҳон, ки дар Бразил баргузор шуд, дар вазни -73кг медали биринҷӣ ба даст овард.