31.05.2021
: 1536
Ассотсиатсияи ҷаҳонии федератсияҳои байналмилалии варзишӣ (GAISF) пойтахти Арабистони Саудӣ - Риёзро мизбони Бозиҳои ҷаҳонии размӣ дар соли 2023 эълон кард.
Интизор меравад, ки бозиҳо аз рӯи 15 намуди варзиш баргузор шавад.
Бозиҳои ҷаҳонии размӣ бори охир дар Санкт-Петербурги Русия соли 2013 баргузор шуда буд. Ин чорабинӣ ибтидо бояд аз 3 то 9 майи соли 2021 баргузор мешуд, аммо GAISF пешниҳод кард, ки бозиҳо ба соли 2022 гузаронида шаванд.
Ёддошти тафоҳум барои Бозиҳои ҷаҳонии размӣ дар соли 2023 зимни як маросими вижа дар Ассамблеяи генералии Кумитаи олимпии Арабистони Саудӣ ба имзо расид. Дар ин маросим тамоми федератсияҳои миллии эътирофшудаи ҳунарҳои размӣ ва варзиши муҳорибавӣ шомил буданд.
"Бозиҳои ҷаҳонии размӣ бештар аз як чорабинии варзишӣ мебошад, ин як ҷузъи тафоҳумномаи байни GAISF ва Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) аст", - гуфтааст Раффаеле Чиулли, президенти GAISF ва SportAccord.
“Арабистони Саудӣ дорои инфрасохтор аст ва ин чорабиниро барои таҳкими ҳунарҳои размӣ дар Арабистони Саудӣ ва аз ин Бозиҳои маҷмӯӣ ҳамчун яке аз аввалин чорабиниҳои бузург ба сӯи Бозиҳои Осиё-2034 истифода хоҳад кард”, - гуфтааст шоҳзода Абдулазиз ибни Туркӣ.