27.05.2021
: 2198
Бо натиҷагирӣ аз даврҳои муқаддамотӣ чор варзишгари тоҷик ба даври нимфинали Чемпионати Осиё оид ба бокс роҳ ёфтанд.
Чемпионати Осиё оид ба бокс 24 май дар шаҳри Дубай оғоз шуд ва давоми се рӯз варзишгарон дар 20 вазн (10 вазн миёни бонувон, 10 вазн миёни мардҳо) қувва озмуданд ва пурзӯрҳо ба нимфинал роҳ ёфтанд.
Аз ҷумҳурии мо 11 варзишгар ба Дубай сафарбар гардиданд ва чор нафарашон ба нимфинал роҳ ёфтанд: Баҳодур Усмонов, Шаббос Негматуллоев, Миҷгона Самадова, Шоира Зулқайнарова.
Дар рӯзи аввал чор варзишгари мо ба ринг баромаданд ва се нафарашон пирӯз шуданд: Абдураҳмон Ёқубов дар вазни 60кг бар намояндаи Аморати Муттаҳидаи Араб Ал-Садид Саъд, Абдумалик Болтаев дар вазни 75кг бар намояндаи Қатар Валид Фаҳад, Сиёвуш Зуҳуров дар вазни +91кг бар варзишгари Қирғизистон Бекболсун Токтосун. Бахтовар Сагизов дар вазни 56кг аз варзишгари Афғонистон Маликзода шикаст хурд.
Рӯзи дуюм чемпиони феълии Осиё Баҳодур Усмонов дар вазни 64кг варзишгари Филиппин Пануаян Ҷон Паулро бо накаути техникӣ мағлуб намуда, ба нимфинал баромад.
Ҷасур Қурбонов дар вазни 91кг аз варзишгари Ҳиндустон Санҷит, бонувонамон Сумайя Қосимова дар вазни 51кг аз варзишгари Муғулистон Алтансегсег Лутсайхан, Руҳафзо Ҳақназарова дар вазни 54кг аз намояндаи Ҳиндустон Сакшӣ мағлуб шуданд.
Рӯзи сеюм Шаббос Негматуллоев дар вазни 81кг муҳориба карда, бар варзишгари Афғонистон Нурӣ Силаб пирӯз шуд ва ба нимфинал роҳ ёфт.
Се варзишгари дигарамон дар муҳорибаи дуюмашон мағлуб гардиданд: Абдураҳмон Ёқубов (60кг) аз варзишгари Узбекистон Абдумалик Халоқов, Абдумалик Болтаев (75кг) аз намояндаи Эрон Мусавӣ Саидшоҳин ва Сиёвуш Зуҳуров (+91кг) аз варзишгари Узбекистон Баҳодур Ҷалолов.
Ҳамин тариқ, чор варзишгарамон барои ҷоизаҳо муҳорибаро идома медиҳанд. Дар нимфинал 27 май Миҷгона Самадова дар вазни 57кг муқобили Ситора Турдибековаи узбекистонӣ, Шоира Зулқайнарова дар вазни 60кг муқобили Ҳасанан Ҳусватун аз Индонезия, 28 май Баҳодур Усмонов дар вазни 60кг муқобили Шива Тана аз Ҳиндустон ва Шаббос Негматуллоев дар вазни 81кг муқобили Дилшод Рӯзметов аз Узбекистон ба ринг мебароянд.
Ёдрас мешавем, ки бори аввал дар таърихи чемпионат ба ғолибон ҷоизапулӣ дода мешавад. Ба ғолиби ҳар вазн 10 000 доллар, барои ҷои дуюм 5000 доллар ва барои ҷои сеюм 2500 доллар тақдим мегардад.
Баҳодур Усмонов ва Шаббос Негматуллоев, ки аз дастгирии молиявии Кумитаи олимпӣ бархурдоранд, Тоҷикистонро дар Бозиҳои олимпии Токио намояндагӣ мекунанд. Бозиҳои олимпӣ аз 23 июл то 8 августи соли равон баргузор мешавад.