25.05.2021
: 678
Бо ташаббуси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, 20-22 май дар шаҳри Бохтар давраи омӯзишии Ҳамбастагии олимпӣ барои маъмурони соҳаи варзиши минтақаи Бохтари вилояти Хатлон баргузор шуд.
Дар давраи омӯзишӣ намояндагони мактабҳо ва ташкилотҳои варзишии шаҳру навоҳии минтақаи Бохтар ширкат карданд.
Масъулони Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон давоми се рӯз ба иштирокчиён дар мавзӯъҳои гуногун, аз ҷумла “Роҳбарӣ ва таърихи Ҳаракати олимпӣ”, “Бозиҳои варзишӣ”, “Дастгирии варзишгарон”, “Арзишҳои олимпӣ”, “Мудирияти ташкилотҳои варзишӣ”, “Малкаҳои роҳбарӣ”, “Мубориза бо допинг” ва ғайра маърӯза хонданд.
Зимни муҳокимаи мавзӯъҳо аз ҷумла қайд гардид, ки Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) солҳои охир ба варзишгарон таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад ва онҳо дар маркази Ҳаракати олимпӣ қарор доранд.
Бо тавсияи КБО дар назди ҳамаи кумитаҳои миллии олимпӣ Комиссияи варзишгарон таъсис дода шудааст, ки онҳо дар қабули қарорҳо нақши асосӣ хоҳанд дошт. Аз ҷумла, дар назди КМО Тоҷикистон низ Комиссияи варзишгарон таъсис ёфтааст ва онҳо дар Ассамблеяи генералӣ ва Кумитаи иҷроияи Кумита узвият хоҳанд дошт.
Бо хушнудӣ қайд карда шуд, ки Президенти ҷумҳурӣ, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи варзиш таваҷҷуҳи хоса доранд ва варзишгаронро аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ мекунанд. Таъсиси додани Ҷоизаи Президенти ҷумҳурӣ барои ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ, эълон кардани Рӯзи Дави миллӣ, эълон кардани рӯзи шанбе – рӯзи саломатӣ шоҳиди ин гуфтаҳост.
Маҳз бо ташаббуси Пешвои миллат солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҷумҳурӣ толору варзишгоҳҳои зиёд сохта шуданд. Тавре Пешвои миллат дар мулоқот бо намондагони ҷавонони кишвар (21.05.2021) таъкид доштанд: “Шумораи умумии иншооти варзишӣ аз ҳазор иншооти соли 1991 ба 10220 иншоот дар соли 2020 расонида шудааст. Яъне шумораи иншооти варзишӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ беш аз даҳ баробар зиёд гардидааст”.
Ба иштирокчиён, хусусан омӯзгорони тарбияи ҷисмонии муассисаҳои таълимӣ тавсия дода шуд, ки оид ба Ҳаракати олимпии ҷаҳон ва Тоҷикистон ба шогирдон дарс гӯянд.
Қаблан 9-11 апрел давраи омӯзишӣ барои маъмурони соҳаи варзиши вилояти Суғд доир гардида буд. Баргузории давраҳои омӯзишӣ барои маъмурони соҳаи варзиши минтақаҳои дигари кишвар низ ба нақша гирифта шудааст.