24.05.2021
: 754
Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Федератсияи тенниси Тоҷикистон миёни наврасон бо пирӯзии намояндагони Узбекистон ба анҷом расид.
Мусобиқа 17-22 май бо иштироки беш аз 60 варзишгари то 14-солаи ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Узбекистон ва Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе сурат гирифт.
Тавре аз Федератсияи тенниси Тоҷикистон хабар доданд, дар ҳамаи рақобатҳо варзишгарони Узбекистон ғолиб шуданд. Намояндагони Тоҷикистон танҳо дар рақобати ҷуфти духтарон як медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Ғолибон ва ҷоизадорони Ҷоми Федератсияи тенниси Тоҷикистон миёни наврасон (U-14):
Духтарон
1. Милана Тамашевич (Узбекистон)
2. Злата Чинова (Узбекистон)
3. Самира Хазиева (Узбекистон)
Писарон
1. Абдулазиз Усмонҷонов (Узбекистон)
2. Аван Зинатуллин (Узбекистон)
3. Нуриддин Бахтиёров (Узбекистон)
Ҷуфти духтарон
1. Шаҳзода Ортиқбоева / Злата Чинова (Узбекистон)
2. Самира Хазиева / Милана Тамашевич (Узбекистон)
3. Эмили Ким / Кейра Ким (Узбекистон)
3. Анастасия Белоброва / Ёсуман Салимова (Тоҷикистон)
Ҷуфти писарон
1. Ҷавоҳир Мирзокамолов / Абдулазиз Усмонҷонов (Узбекистон)
2. Абдураҳмон Ҳоҷибоев / Абдулло Дилшодов (Узбекистон)
3. Нуриддин Бахтиёров / Амир Сафоев (Узбекистон)
3. Муҳаммадазиз Ҷӯраев / Алан Зинатулин (Узбекистон)