Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ТАЕКВОНДОЧИЁНАМОН АЗ УРДУН ДАСТИ ХОЛӢ БАРМЕГАРДАНД

24.05.2021

: 725

Аъзои дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба таеквондо дар мусобиқаи интихобии олимпии Осиё натавонистанд роҳхати Бозиҳои олимпии Токиоро ба даст оранд.

Мусобиқа 21-22 май дар шаҳри Аммони Урдун бо иштироки 84 варзишгар аз 28 давлати қораи Осиё баргузор шуд.

Аз ҷумҳурии мо 4 нафар – Муниса Ойматова (-49кг), Моҳру Ҳалимова (+67кг) миёни бонувон, Муҳаммадҷон Суннатов (-68кг), Хуррам Меҳтаршоев (-80кг) миёни мардон ба Урдун сафарбар гардиданд.

Муниса Ойматова дар даври аввал аз намояндаи Покистон Оиша Афсар шикаст хурд. Муҳаммадҷон Суннатов дар даври аввал варзишгари Арабистони Саудӣ Абдуллоҳ Мустафо Қарниро мағлуб кард, вале дар чорякфинал аз намояндаи Қазоқистон Кайрат Саримсоқов шикаст хурд. Хуррам Меҳтаршоев дар чорякфинал бар намояндаи Қатар Алӣ Алараимӣ пирӯз гардид, вале дар нимфинал аз варзишгари Тайпей Вей-Тинг Лиу ва дар рақобат барои ҷои сеюм аз варзишгари Қирғизистон Акбар Айтахунов мағлуб шуд. Моҳру Ҳалимова дар нимфинал аз намояндаи Қазоқистон Кансел Дениз ва дар рақобат барои ҷои сеюм аз намояндаи Филиппин Кирстӣ Алора шикаст хурд.

Аз 16 квотаи пешбинишуда дар мусобиқаи интихобии Осиё Тайпей 4, Узбекистон 3, Урдун ва Қазоқистон 2, Ветнам, Эрон, Тайланд, Филиппин, ва Чин якроҳхатӣ ба даст оварданд.

Мусобиқаҳои интихобии олимпӣ аз рӯи намуди таеквондо ба анҷом расид. Намоядагони 57 давлат тавонистанд роҳхати Бозиҳои олимпии Токиоро ба даст оранд.

Мусобиқаи таеквондо дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 аз рӯи 8 категорияи вазнӣ (4 вазн миёни мардон, 4 вазн миёни бонувон) бо иштирок 128 варзишгар (дар ҳар вазн 16 нафар) баргузор мешавад.