Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Федератсияи текболи Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд.
Федратсияи навро Муҳаммадшо Абдуллозода роҳбарӣ мекунад ва ин намуди варзишро дар кишвар рушд хоҳад дод.
“Рушди намуди нави варзиш дар кишвар аз Паёми Президенти ҷумҳурӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ маншаъ мегирад, ки супориш дода буданд, “Мақомоти масъул ва федератсияҳои варзишӣ намудҳои мухталифи варзишро васеъ ҷорӣ карда, ҷиҳати баргузор намудани мусобиқаҳо мунтазам чораҷӯӣ кунанд”, - иброз намуд Абдуллозода М.
Аллакай бо дастгирии Федератсияи байналмилалии текбол (FITEQ) ба ҷумҳурӣ мизҳои махсус барои бозии текбол ворид гардида, ба минтақаҳо, ба мактабҳои варзишӣ дастрас карда шуд.
Текбол як намуди варзиш аст, ки бо тӯб болои мизи хам бозӣ мекунанд. Унсурҳои футбол ва тенниси рӯи мизро ҳамоҳанг кардааст. Дар ду тарафи миз бозингарон тӯби футболро бо ҳар куҷои бадан, ба ғайр аз даст, идора мекунанд. Дар текбол мешавад ду нафар ё чор нафар байни ҳам бозӣ кунанд.
Дар сатҳи байналмилалӣ бозиро Федератсияи байналмилалии текбол муаррифӣ мекунад. Бозӣ бисёр футболбозони сатҳи ҷаҳониро ҷалб кард ва пас аз ворид шудани он ба барномаи Бозиҳои соҳилии Осиё-2021 ва Бозиҳои соҳилии Африқо, барои ворид шудан ба барномаи Бозиҳои олимпӣ нигаронида шудааст.
Текбол соли 2012 дар Маҷористон аз ҷониби се нафар дӯстдори футбол – собиқ бозингари касбӣ Габор Борсанӣ, тоҷир Дёрд Гатян ва олими соҳаи технологияи комютерӣ Виктор Ҳусар таъсис ёфт. Идеяи бозии нав ба Габор Борсанӣ мутаалиқ аст, ки қаблан дар мизи теннис футбол бозӣ карда буд. Бинобар сабаби ҳамвор будани мизи теннис тӯб ҷониби бозингар намерафт, барои ҳамин бозӣ ҷолиб нанамуд. Борсанӣ фикр кард, агар миз каме хам бошад, партофти тӯб метавонад беҳтар шавад. Пас аз чанд соли коркард бо Виктор Ҳусар соли 2014 аввалин мизи текбол омода карда шуд.
Ин намуди ҷолиби варзиш бори аввал 18 октябри соли 2016 аз ҷониби собиқ футболбози бразилӣ Роландино дар Будапешти Маҷористон расман муаррифӣ гардид. Аввалин дастаи занонаи “BellaTeq” соли 2020 дар Калифорниа таъсис ёфт.
Баъзе қоидаҳои текбол
- Дар текбол тӯби стандартии футбол, андозаи 5 расман тавсия дода мешавад.
- Дар текбол мусобиқаҳои инфиродӣ (миёни ду нафар) ва ҷуфт (миёни чор нафар) гузаронида мешавад.
- Бозии текбол аз 3 сет иборат аст.
- Ҳар сет то вақте идома меёбад, ки яке аз бозингарон/даста 12 хол ба даст оварад.
- Ҳар бозингар/даста ду кӯшиши иҷро кардани пасро дорад.
- Бозингарон/дастаҳо баъди ба даст овардани ҳар чор хол пасдиҳиро иваз менамоянд.
- Расиш ба тӯб бо як қисми бадан ду маротиба пайиҳам мумкин нест.
- Задани тӯб бо як қисми бадан ду маротиба пайиҳам манъ аст.
- Ба ҳар бозингар/даста ҳадди аксар се расиш ба тӯб бо ҳар қисмати бадан, ба ғайр аз даст иҷозат дода мешавад.
- Дар бозии ҷуфтӣ 3 расиш иҷозат дода мешавад, вале аъзои даста ҳадди ақал як маротиба бояд тӯбро ба ҳамдигар ҳаво диҳанд.
- Дар вақти бозӣ расидан ба миз ва ҳариф манъ аст.