Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ КМОТ ДАР СЕМОҲАИ АВВАЛ ВА ОМОДАГӢ БА ОЛИМПИАДАИ ТОКИО

НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ КМОТ ДАР СЕМОҲАИ АВВАЛ ВА ОМОДАГӢ БА ОЛИМПИАДАИ ТОКИО НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ КМОТ ДАР СЕМОҲАИ АВВАЛ ВА ОМОДАГӢ БА ОЛИМПИАДАИ ТОКИО

30.04.2021

: 1193

30-юми апрел дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон (КМОТ), ки таҳти раёсати муовини Президенти Кумита Абдуллозода Аҳтам доир гардид, фаъолияти КМОТ дар семоҳаи аввали соли 2021 натиҷагирӣ шуд.

Котиби генералии КМОТ Абдуллозода Муҳаммадшо зимни пешниҳоди ҳисобот аз ҷумла қайд намуд, дар семоҳаи аввали соли 2021 Барномаи дастгирии молиявии варзишгарон-Токио-2020 ва Пекин-2022 идома ёфт, ки 17 варзишгар дар доираи барнома ҳар моҳ ҷиҳати тамрин ва иштирок дар мусобиқаҳои интихобии олимпӣ бо кӯмакпулӣ таъмин гардиданд. Ҳамчунин, Кумита дар доираи лоиҳаи “Роҳкиро барои варзишгарон” аъзои дастаҳои мунтахабро, ки аз дастгирии молиявии олимпӣ бархурдоранд, ба мусобиқаҳо сафарбар намуд.

КМОТ барои омодагӣ ва иштирок дар мусобиқаҳои интихобӣ аз 26 март то 4 апрели соли 2021 барои дастаҳои мунтахаби гуштини тарзи озод ва юнони римӣ, инчунин таеквандо машқҳои дастаҷамъӣ баргузор кард, ки 45 варзишгар фаро гирифта шуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ Кумита дар доираи кӯмаки махсуси Ассостсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ ду семинари омӯзишӣ ҷиҳати омодагӣ ба Бозиҳои варзишии соли 2021 баргузор намуда, беш аз 20 мактаби варзиширо бо таҷҳизот ва лавозимоти варзишӣ таъмин намуд.

Дар идома қайд гардид, ки КМОТ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва федератсияҳои миллии намудҳои олимпии варзиш, аз ҷумла ҷудо, варзиши сабук, қайиқронӣ, гӯштин (тарзи озод, юнонӣ румӣ) ва таеквондо ВТФ Нақшаи мукаммали омодагӣ ва сафарбарии варзишгарони дастаҳои мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба мусобиқаҳои интихобӣ ҷиҳати ба даст овардани роҳхати Бозиҳои олимпии Токио-2020 омода намуда, ба имзо расониданд. Саҳми КМОТ дар нақшаҳои муштарак 1642640 сомонӣ (34,11%), саҳми Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш 1598225 (33,19%) сомонӣ мебошад. Ҳамагӣ бо ин мақсад 4815555 сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Дар идома аъзои Кумита масъалаҳои омодагӣ ба Бозиҳои олимпии Токиоро баррасӣ намуданд. Гуфта шуд, ки муҳлати системаи интихобии олимпӣ то 29 июни соли 2021 муайян шудааст. То ин муддат баргузории якчанд мусобиқаҳои интихобӣ дар назар аст, ки варзишгарони мо ширкат хоҳанд кард.

Феълан ду варзишгари мо - гирандагони дастгирии молиявии олимпӣ Баҳодур Усмонов ва Шаббос Негматуллоев дар намуди бокс роҳхати Бозиҳои олимпиро ба даст оварданд. Дар намуди ҷудо дар ҳоли ҳозир тибқи радабандии олимпии федератсияи байналмилалӣ 5 варзишгари мо дар минтақаи “сабз” қарор доранд.

Қайд гардид, ки варзишгаронамон дар намуди варзиши сабук, қайиқронӣ, гуштини озод ва юнонӣ-римӣ, таеквондо ҷиҳати иштирок дар мусобиқаҳои интихобии олимпӣ омодагӣ мебинанд. Инчунин, дар намуди шиноварӣ барои варзишгарони мо аз ҷониби Федератсияи байналмилалӣ ду ҷой ҷудо карда шудааст. Тибқи талабот ду варзишгар (як зан, як мард), ки соли 2019 дар Чемпионати ҷаҳон ширкат кардаанд, имкон доранд дар Бозиҳои олимпӣ иштирок намоянд.

Дар идомаи гузориш аъзои Кумитаи иҷроия оид ба маҳдудиятҳо дар Бозиҳои олимпӣ дар пасманзари пандемияи коронавирус огоҳ карда шуданд. Маълумот дода шуд, ки Кумитаи тадорукот шумораи ҳайатҳои олимпиро ба таври назаррас коҳиш дода истодааст. Аз ҷумла, мухлисон дар Бозиҳои олимпии Токио иштирок намекунанд ва тибқи дастури қоидаҳо, ки ташкилкунандагони бозиҳо нашр намудаанд, варзишгарон ҳар рӯз аз озмоиш мегузаранд, онҳо бояд 5 рӯз пеш аз мусобиқаашон ба Деҳаи олимпӣ ворид шуда, ҳадди аксар пас аз 2 рӯзи анҷоми мусобиқа онро тарк намоянд. Барои намояндагони расмӣ бошад, карантини серӯзаи ҳатмӣ пас аз ворид шудан ба Ҷопон пешбинӣ гардидааст.

Қайд гардид, ки нашри сеюм ва ниҳоии дастури қоидаҳо аз ҷониби ташкилкунандагони Бозиҳои олимпӣ моҳи июн нашр мешавад ва ҳайати олимпии Тоҷикистон пеш аз сафар ба Ҷопон бо қоидаҳо шинос карда хоҳанд шуд.