Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ЛИГАИ ОЛӢ: “ХУҶАНД” - САДРНИШИНИ ҶАДВАЛ

ЛИГАИ ОЛӢ: “ХУҶАНД” - САДРНИШИНИ ҶАДВАЛ ЛИГАИ ОЛӢ: “ХУҶАНД” - САДРНИШИНИ ҶАДВАЛ

19.04.2021

: 3297

Бозиҳои даври сеюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд.

Дастаи “Файзканд”-и Восеъ 16 апрел дар бозии хонагӣ бар тими “Куктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд. Ҳамлагари тими Восеъ Абдухалил Боронов се гол зад, ки аввалин хет-трик дар мавсими имсола мебошад.

17 апрел ду бозии дигари даври сеюми Чемпионати Тоҷикистон доир гардид.

“Хуҷанд” дар майдони худ тими КМВА-ро мағлуб намуд – 2:0. Голҳои задаи Фирдавс Чақалов ва Ҳоҷибой Зиёев ба хуҷандиҳо се хол овард. Барои дастаи КМВА аз оғози мавсим ин сеюм шикасти пайиҳам мебошад. Дастаи Алиёр Ашурмамадов бе хол дар ҷои охири ҷадвал қарор дорад.

Дар бозии дигар “Душанбе” тими “Хатлон”-ро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод. Голи ягонаи дидорро легионери камерунӣ Люк Менҷана Леонел ба номаш сабт кард.

Дастаи нави лигаи олӣ – “Эсхата”-и Хуҷанд ва “Равшан”-и Кӯлоб холҳоро тақсим карданд. Ба голи задаи Абдусамад Самадов кӯлобиҳо тавассути зарбаи нишонраси Амирҷон Фаррухзода ҷавоб гардонданд.

Пас аз натиҷагирии се давр дастаҳои “Хуҷанд” ва “Файзканд” бо ҳафтхолӣ дар садри ҷадвали Чемпионати Тоҷикистон мавқеъ гирифтаанд.

Бозиҳои даври навбатии Чемпионати Тоҷикистон-2021 24 ва 25 апрел баргузор мешаванд.

     Б      Ғ      М      Б      Т-Т      Х  
 1   "Хуҷанд" (Хуҷанд)     3  2  1  0  7-2  7
 2  "Файзканд" (Восеъ)    3  2  1  0  4-1  7
 3  "Эсхата" (Хуҷанд)  3  1  2  0  5-3  5
 4  "Истаравшан" (Истаравшан)    2  1  0  1  1-1  3
 5  "Куктош" (Рӯдакӣ)  2  1  0  1  2-3  3
 6  "Душанбе" (Душанбе)  2  1  0  1  2-4  3
 7  "Хатлон" (Бохтар)  3  0  2  1  2-3  2
 8  "Равшан" (Кӯлоб)  3  0  2  1  1-2  2
 9  "Истиқлол" (Душанбе)  0  0  0  0  0-0  0
 10    КМВА (Душанбе)  3  0  0  3  1-6  0