16.04.2021
: 841
Чемпиони Тоҷикистон – дастаи футболи “Истиқлол”-и Душанбе аввалин бозиашро дар Лигаи чемпионҳои AFC-2021 муқобили клуби “Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай” мусовӣ анҷом дод – 0:0.
Вохӯрии дастаҳо дар гурӯҳи “А” 15 апрел дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ доир гашт.
Дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои AFC-2021 “Истиқлол” бо дастаи АГМК, ки дар даври аввал бо тими “Ал Ҳилол”-и Арабистони Саудӣ баробар бозӣ кард (2:2), вомехурад.
Лигаи чемпионҳои AFC-2021
Гурӯҳи «А». 1-ум давр
«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (АМА) – 0:0
Ҳайати «Истиқлол» (Тоҷикистон): Рустам Ятимов, Алексей Ларин, Андрей Мишенко, Зоир Ҷурабоев, Манучеҳр Сафаров, Муҳаммадҷон Раҳимов (Ваҳдат Ханонов, 84), Нуриддин Давронов, Шаҳром Сулаймонов, Алишер Ҷалилов, Ҳусейн Доған, Манучеҳр Ҷалилов (Рустам Соиров, 64).
Беҳтарин бозингар: Рустам Ятимов («Истиқлол»).
Сардовар: Дилан Перейра (Шри-Ланка).
15 апрел. Риёз. Варзишгоҳи байналмилалии ба номи шоҳ Фаҳд.
«Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) – АГМК (Узбекистон) – 2:2