08.04.2021
: 709
9-11 апрел дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон мусобиқаи интихобии олимпии қораи Осиё баргузор мешавад.
Ин дуюм мусобиқаи сатҳи баланди интихоби варзишгарон ба Бозиҳои олимпии Токио мебошад. Дар ҳар категорияи вазнӣ иштирокчиёни финал соҳиби роҳхати Бозиҳои олимпӣ мегарданд.
Ҷадвали қувваозмоиҳо
8 апрел
Қуръакашӣ
9 апрел
Гуштингирони юнонӣ-римӣ (60кг, 67кг, 77кг, 87кг, 97кг, 130кг)
11:00-13:00 – марҳилаи муқаддамотӣ
13:00-14:00 – нимфинал
14:00-14:30 – қувваозмоиҳои тасаллобахш
18:00-21:00 – финал
10 апрел
Гуштини бонувон (50кг, 53кг, 57кг, 62кг, 68кг, 76кг)
11:00-13:00 – марҳилаи муқаддамотӣ
13:00-14:00 – нимфинал
14:00-14:30 – қувваозмоиҳои тасаллобахш
18:00-21:00 – финал
11 апрел
Гуштини тарзи озод (57кг, 65кг, 74кг, 86кг, 97кг, 125кг)
11:00-13:00 – марҳилаи муқаддамотӣ
13:00-14:00 – нимфинал
14:00-14:30 – қувваозмоиҳои тасаллобахш
18:00-21:00 – финал
Дар мусобиқа беш аз 200 варзишгар аз 24 давлати Осиё иштирок мекунанд. Аз ҷумҳурии мо барои ба даст овардани роҳхати олимпӣ дар гуштини юнонӣ-римӣ Фирӯз Мирзораҷабов (60кг), Шероз Очилов (67кг), Ҳабиб Зуҳуров (77кг), Суҳроб Абдулҳаев (87кг), Мирзоамин Сафаров (97кг), дар гуштини бонувон Ватансултон Шакаршоева (53кг) ва дар гуштини тарзи озод Муҳаммад Икромов (57кг), Ҷамшед Шарифов (65кг), Ғуломҷон Шарипов (74кг), Баҳодур Қодиров (86кг), Искандари Рустам (125кг) ба Алмаато сафарбар гардиданд.