Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

КОРЕЯИ ШИМОЛӢ АЗ ИШТИРОК ДАР ТОКИО-2020 ДАСТ КАШИД

06.04.2021

: 681

Кореяи Шимолӣ бо сабаби пандемияи коронавирус аз иштирок дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 даст кашид.

Дар изҳороти Ҳукумати Кореяи Шимолӣ гуфта шудааст, мақомот мехоҳанд “варзишгаронро ҳимоя кунанд”.

Ин аввалин кишваре аст, ки бинобар вазъияти тандурустии ҷаҳон дар робита ба COVID-19 дар Токио-2020 иштирок нахоҳад кард.

Ин қарор дар ҳоле қабул шуд, ки як ҳафта қабл пойтахти Кореяи Ҷанубӣ – Сеул эълон кард, ки барои мизбонии Бозиҳои олимпии соли 2032 ҳамроҳ бо Кореяи Шимолӣ ба Кумитаи байналмилалии олимпӣ дархости муштарак пешниҳод кардааст.

Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Корея барои муҳокимаи бозиҳо дар Ҷопон ҷаласаи Ассамблеяи генералӣ гузаронд.

“Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Корея дар ҷаласаи Ассамблеяи генералӣ қарор қабул кард, ки ба хотири ҳифзи саломатии варзишгарон дар ҳолати вазъи буҳрони ҷаҳон дар робита ба пандемияи короноварус дар 32-юм Бозиҳои Олимпиада иштирок намекунад”, - омадааст дар изҳорот.