Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

УНИВЕРСИАДА-2021 ЯК СОЛ БА ТАЪХИР АФТОД

03.04.2021

: 699

Бозиҳои ҷаҳонии донишгоҳӣ-2021 дар Ченгду, бо сабаби пандемияи COVID-19, ба соли 2022 гузаронида шуд.

Чорабинӣ ном ва нишонашро ҳифз кард. Федератсияи байналмилалии варзиши донишҷӯён (FISU) эълон намуд, ки ин қарор ба хотири бехатарӣ ва тансиҳатии ҳамаи иштирокчиён, аз ҷумла варзишгарон ва шаҳрвандон қабул гардид.

Ченгду-2021 бояд 18-уми август – пас аз панҷ моҳ оғоз меёфт.

Дар изҳороти FISU омадааст, бисёри донишҷӯён бо сабаби он ки иншооти варзишӣ ба муҳлати дароз фаъолият намекарданд, натавонистанд ба бозиҳо омодагӣ бинанд.

Санаи баргузории чорабинӣ дар соли 2022 феълан муайян нашудааст.

Санаи баргузории бозиҳо се маротиба иваз шуд. Дар аввал қарор буд, ки бозиҳо аз 8 то 19 августи 2021 доир гардад, баъдан санаи баргузории онро 16-27 август таъин намуданд.

Ба таъхир афтодани Бозиҳои олимпӣ ва паралимпии Токио-2020 боиси як тағйироти дигар шуд: 18-29 август.

Ҷумҳурии Мардумии Чин сеюм бор мешавад, ки ин чорабиниро мизбонӣ мекунад. Универсиада қаблан соли 2001 дар Пекин ва соли 2011 дар Шинҷон доир гашта буд.

Ба барномаи бозиҳо 18 намуди варзиш ворид карда шудааст.

Ба соли 2022 гузаронидани бозиҳо сабаб мешавад, ки Универсиадаи тобистонаи ҷаҳонӣ бори аввал пас аз солҳо пайиҳам баргузор шавад, чорабиниро соли 2023 Екатеринбурги Россия қабул хоҳад кард.