30.03.2021
: 819
Мусобиқоти сайри ҷаҳонии ҷудо (World Judo Tour) бо Гранд Слами Анталия идома меёбад.
Гранд Слами Анталия (Туркия) 1-3 апрел баргузор мешавад.
Тибқи иттилои сомонаи Федератсияи байналмилалии ҷудо, ҷиҳати иштирок дар мусобиқаи навбатӣ 501 варзишгар (293 мард, 208 зан) аз 96 давлат дархост пешниҳод кардаанд.
Ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, аз ҷумҳурии мо 3 варзишгар – Шаҳбоз Саидаброров (-60кг), Комроншоҳ Устопириён (-90кг) ва Темур Раҳимов (+100кг) ба Анталия сафарбар гардиданд.
Хароҷоти сафари Комроншоҳ Устопириён ва Темур Раҳимов аз ҷониби Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар доираи Барномаи “Дастгирии молиявии варзишгарон – Токио-2020” пардохт карда шуд.
Пас аз натиҷагирии ҳамаи ин мусобиқаҳо шакли ниҳоии радабандии олимпӣ нашр мешавад, ки тибқи он 18 нафари аввали ҳар категорияи вазнӣ, бо дарназардошти дар як вазн як варзишгар аз ҳар КМО, инчунин тариқи радабандии қитъавӣ (аз Осиё 10 нафар) ҳуқуқи иштирок дар Бозиҳои олимпии Токиоро доранд, ки аз 23 июл то 8 августи имсол доир мешавад.