25.03.2021
: 822
Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо-2021 дар шаҳри Тошканд доир мешавад. Чунин қарорро кумитаи иҷроияи Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS) 24 март дар шаҳри Москва қабул кард.
Мусобиқаи асосии байналмилалии самбочиён дар пойтахти Узбекистон аз 12 то 14 ноябр сурат мегирад.
Қаблан мизбони Чемпионати ҷаҳон дар тақвими FIAS шаҳри Москваи Россия қайд шуда буд. Аммо Суди арбитражи байналмилалӣ моҳи декабри соли гузашта Россияро ба муддати ду сол аз мизбонии чемпионатҳои ҷаҳон ва Бозиҳои олимпӣ маҳрум кард. Дар робита ба ин, FIAS ва Федератсияи самбои Россия ба хулосае омаданд, ки мусобиқа дар дигар кишвар баргузор шавад.
“Мо барои баргузор кардани чемпионати ҷаҳон аз Ассотсиатсияи самбои Узбекистон дархост қабул кардем. Бо дарназардошти он ки соли 2025 дар Тошканд Бозиҳои Осиё миёни наврасон доир мешавад, баргузории чемпионати ҷаҳонро дар Узбекистон мақсаднок мешуморем”, - иброз намуд президенти FIAS Василий Шестаков.