Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

МУҲОКИМАИ БОЗИҲОИ ВАРЗИШИИ СОЛИ 2021 ДАР СЕМИНАР-МАШВАРАТИ КМОТ

МУҲОКИМАИ БОЗИҲОИ ВАРЗИШИИ СОЛИ 2021 ДАР СЕМИНАР-МАШВАРАТИ КМОТ МУҲОКИМАИ БОЗИҲОИ ВАРЗИШИИ СОЛИ 2021 ДАР СЕМИНАР-МАШВАРАТИ КМОТ МУҲОКИМАИ БОЗИҲОИ ВАРЗИШИИ СОЛИ 2021 ДАР СЕМИНАР-МАШВАРАТИ КМОТ МУҲОКИМАИ БОЗИҲОИ ВАРЗИШИИ СОЛИ 2021 ДАР СЕМИНАР-МАШВАРАТИ КМОТ

19.03.2021

: 1000

Омодагии варзишгарон ва дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон оид ба намудҳои гуногуни варзиш ба Бозиҳои варзишии соли 2021 дар семинари дурӯзаи машваратӣ муҳокима шуд.

Семинар-машварат бо иқдоми Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва дастгирии Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ (ANOC) доир гашт, ки дар он сармураббиён ва намояндагони федератсияҳои миллии варзишӣ иштирок карданд.

Директори генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Эркин Латипов бо иштирокчиёни семинар масъалаҳои иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои интихобии олимпӣ, Бозиҳои олимпии Токио, Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ дар Қунияи Туркия ва Бозиҳои Осиё миёни наврасон дар Шантауи Чинро баррасӣ карданд.

Қайд гардид, ки Бозиҳои олимпии Токио-2020 нисбат ба бозиҳои қаблӣ дар робита ба пандемияи COVID-19 фарқ хоҳад дошт, аз ин рӯ сармураббиён ва намояндагони федератсияро зарур аст, ки дар ин самт бо варзишгарон кор кунанд.

Тибқи дастури қоидаҳо бо номи “Плей бук”, ки Кумитаи байналмилалии олимпӣ, Кумитаи байналмилалии паралимпӣ ва Кумитаи тадорукоти Токио-2020 нашр карданд, тавсия дода шудааст, ки варзишгарон на бо фарёд задану суруд хондан, балки танҳо бо чапакзанӣ дастгирӣ карда шаванд. Инчунин, варзишгарон ва намояндагони расмӣ қабл аз сафар бояд аз ташхиси COVID-19 гузаранд ва ин амал ҳангоми бозиҳо сари чанд вақт иҷро хоҳад шуд. Варзишгарон наметавонанд ба ҷойҳои туристӣ, аз ҷумла тарабхонаву қаҳвахонаҳо раванд, онҳо бояд доим ниқоби тиббӣ пӯшанд ва аз ҳузур дар ҷойҳи пурҷамъият худдорӣ намоянд.

Зимни баррасии иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои интихобӣ қайд гардид, ки давоми се моҳи оянда мусобиқаҳои интихобии олимпӣ оид ба гуштин (моҳи апрел дар Алмаатои Қазоқистон ва моҳи май дар Будапешти Маҷористон), ки ду ҷои аввали ҳар вазн роҳхати олимпӣ ба даст меоранд, мусобиқаи интихобии олимпӣ оид ба қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ (дар Тайланд ва Барнаули Россия), ки танҳои ғолибони ҳар равия соҳиби роҳхат мешаванд, мусобиқаи интихобии олимпӣ оид ба варзиши сабук, таеквондо, каратэ-до ва ғайра ба нақша гирифта шудааст, ки варзишгарони мо иштирок менамоянд. Дар намуди ҷудо бошад, роҳхатҳо танҳо тариқи радабандӣ ҷудо мегардад ва варзишгарони мо дар се моҳи оянда бояд дар Гранд Сламҳои Тбилиси, Анталия, Қазон ва Чемпионати ҷаҳон дар Будапешт ширкат кунанд.

Ба иштирокчиёни семинар ёдрас карда шуд, ки соли равон ба ғайр аз Бозиҳои олимпӣ, инчунин 10-19 сентябр дар шаҳри Қунияи Туркия Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ ва 20-28 ноябр дар шаҳри Шантауи Чин Бозиҳои Осиё миёни наврасон баргузор мешавад.

Ба барномаи Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ 20 намуди варзиш дохил карда шудааст, ки мо имкон дорем варзишгаронро аз рӯи намудҳои варзиши сабук, камонварӣ, бадминтон, ҷудо, каратэ, кикбоксинг, шиноварӣ, тенниси рӯи миз, таеквондо ва гуштин сафарбар намоем.

Дар Бозиҳои Осиё миёни наврасон бошад, ки аз рӯи 15 намуди варзиш доир мегардад, мо метавонем варзишгаронро аз рӯи намудҳои варзиши сабук, шиноварӣ, бадминтон, футбол, тенниси рӯи миз, таеквондо ва ушу сафарбар кунем.

Ба федератсияҳои варзишӣ тавсия дода шуд, ки барои интихоби беҳтарин варзишгарон ҷиҳати иштирок дар бозиҳои мазкур, то моҳи июн мусобиқаҳои ҷумҳуриявии интихобӣ ташкил ва баргузор кунанд.