04.03.2021
: 949
Феълан Тоҷикистон ду роҳхати олимпӣ дорад. Ҳар ду аз намуди бокс. Баҳодур Усмонов дар вазни 63кг ва Шаббос Негматуллоев дар вазни 81кг.
Онҳо роҳхатро ба Бозиҳои олимпии Токио дар мусобиқаи интихобӣ оид ба бокс дар қораи Осиё/Уқёнус, ки як сол пеш – 3-11 марти 2020 дар шаҳри Аммони Урдун баргузор шуда буд, ба даст оварданд.
Баъдан бо сабаби пандемияи Covid-19 Бозиҳои олимпӣ як сол ба таъхир афтод ва мусобиқаҳои интихобӣ дар дигар намудҳои варзиш барҳам хурданд.
Чанде пеш гурӯҳи кории Кумитаи байналмилалии олимпӣ оид ба баргузории мусобиқаҳои интихобии бокс эълон кард, ки мусобиқаи интихобии ҷаҳонӣ, ки дар Париж ба нақша гирифта шуда буд, баргузор намешавад ва 53 ҷой, ки дар ин мусобиқа бояд ба варзишгарон ҷудо мешуд, акнун тариқи радабандӣ тақсим мешавад.
Дар асоси таҳлилҳо мешавад гуфт, ки муштзанҳои мо дигар имкони ба даст овардани роҳхат надоранд. Зеро дар асоси радабандие, ки гурӯҳи кории КБО омода кардааст, дар ҳар вазн барои ҳар қора як ҷой ҷудо мешавад ва варзишгароне, ки дар радабандӣ мавқеи беҳтар доранд, роҳхат ба даст меоранд.
Баҳодур ва Шаббос барои омодагӣ ба Бозиҳои олимпии Токио чӣ нақшаҳо доранд? Ҳар ду варзишгар аз дастгирии молиявии Кумитаи миллии олимпӣ бархурдоранд ва ба Олимпиада омодагӣ мебинанд.
Баҳодур таҳти роҳнамоии мураббӣ Мирзо Шамсиев, Шаббос зери роҳбарии мураббиён Хуршед Ҷӯраев ва Эмомалӣ Малаев тамрин мекунанд.
Баҳодур Усмонов моҳи январи имсол дар мусобиқаи байналмилалии бокси касбӣ – “Лига ставок” дар шаҳри Сочии Руссия ширкат карда, ғолиб шуд. Ӯ аз 15 то 23 март дар мусобиқаи дигари байналмилалӣ дар Руссия иштирок мекунад.
Шаббос Негматуллоев бошад, аз 15 то 21 март дар мусобиқаи байналмилалӣ, ки дар Истанбули Туркия ба нақша гирифта шудааст, қувваозмоӣ хоҳад кард.
Ҳамчунин, онҳо моҳҳои апрел ва май дар дигар мусобиқаҳои байналмилалӣ, ки феълан рӯзҳои баргузориашон маълум нашудааст, ширкат менамоянд. Дар ин давра баргузории ҷамъомади машқӣ таълимии дастаи мунтахаб оид ба бокс дар шаҳри Норак ба нақша гирифта шудааст.
Қабл аз Бозиҳои олимпӣ муштзанҳои мо ҳамроҳ бо варзишгарони Руссия ба ҷамъомади машқӣ-таълимӣ фаро гирифта мешаванд.