22.02.2021
: 839
Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) дар доираи нақшаи стратегии “Рӯзномаи олимпӣ – 2020 +5” ба рушди намудҳои варзиши маҷозӣ таваҷҷуҳ хоҳад кард.
“Рӯзномаи олимпӣ 2020 +5”, ки ба рушди натиҷаҳои “Рӯзномаи олимпӣ 2020” нигаронида шудааст, аз ҷониби Кумитаи иҷроияи КБО ба Иҷлосияи КБО, ки моҳи март баргузор мешавад, бояд тавсия гардад.
Санад 15 тавсияро дар бар мегирад, аз ҷумла тавсия ба рушди варзиши электронӣ.
КБО тавсия медиҳад, ки маъруфияти афзояндаи варзиши маҷозӣ барои таблиғи Ҳаракати олимпӣ, арзишҳои олимпӣ, иштироки варзиш ва рушди муносибатҳои мустақим бо ҷавонон истифода бурда шавад.
Ин метавонад тавассути таҳкими уҳдадориҳо ва масъулиятҳои федератсияҳои байналмилалӣ дар ташкили шаклҳои маҷозӣ ва монанд ба варзиш ҳамчун як равия дар доираи муқаррарот ва стратегияҳои онҳо ва роҳандозии манбаъҳои беназири олимпӣ дар асоси стратегияи рақамии КБО дастгирӣ ёбад.
Ба ғайр аз ин, КБО тавсия медиҳад, ки масъалаи ворид кардани намудҳои варзиши маҷозии ҷисмонӣ ба Брномаи олимпӣ дар робита ба федератсияҳои дахлдори байналмилалӣ баррасӣ карда шавад.
Дар ниҳоят, КБО кӯшиш хоҳад кард, ки ҳамкориҳои маҳаллиро дар байни ҷомеаҳои варзишӣ ва видеоӣ дастгирӣ намояд, то ҷавононро ба фаъолияти ҷисмонӣ ва ҳаракати олимпӣ ҳавасманд кунад, инчунин барномаҳои онлайни вобаста ба варзишгарони олимпӣ ва воситаҳои рақамиро ҷиҳати мусобиқаҳои видеоӣ барои солимии ҷисмонӣ ва рӯҳии онҳо пешниҳод кунад.
Ин тавсияҳо пас аз афзоиши бозиҳои маҷозӣ дар давраи пандемияи COVID-19 дода шудааст. Дар давраи пандемия якчанд федератсияҳои байналмилалӣ мусобиқаҳои маҷозӣ баргузор карданд.
КБО ба фарқият миёни варзиши маҷозӣ ва бозиҳои видеоӣ диққат медиҳад. Таъкид мекунад, ки шаклҳои ҷисмонӣ ва ғайриҷисмонии варзиши маҷозӣ, ҳамчунин бозиҳои рақобатпазир ва тасодуфӣ мавҷуданд.
Президенти Иттиҳоди байналмилалии велосипедронӣ Дэвид Лаппартиан роҳбари гурӯҳи робитаҳои КБО мебошад, ки ба варзиши электронӣ машғул мешавад, зеро он мавзӯи рӯзафзун дар доираҳои варзишӣ мегардад.
Пас аз он ки варзиши электронӣ дар Бозиҳои Осиё-2018 дар Ҷакарта ва Палембанг намоиш дода шуд ва ҳамчун намуди варзиш ба барномаи Бозиҳои Осиё-2022 дар Ҳангжоу шомил гардид, имконияти шомил шуданаш ба Бозиҳои олимпӣ мавзӯи баҳс гардид.