12.02.2021
: 797
Ёширо Морӣ, пас аз он ки эродҳои ӯ дар бораи занон норозигии ҷаҳониро ба бор овард, аз мақоми президенти Кумитаи тадорукоти Бозиҳои олимпӣ ва паралимпии Токио-2020 истеъфо дод.
Сарвазири собиқи 83-солаи Ҷопон имрӯз дар мулоқот бо Шӯрои “Токио-2020” ва аъзои кумитаи иҷроия истеъфои худро пешниҳод кард.
Акнун зарур аст, ки камтар аз панҷ моҳ пеш аз оғози бозиҳои батаъхирафтода “Токио-2020” сарвари нав пайдо кунад. Интизор меравад, ки ҷойгузини Морӣ баъд аз зуҳри имрӯз тасдиқ шавад.
"Муҳим он аст, ки Олимпиада дар тобистон баргузор шавад, - гуфт Морӣ. - Бояд чунин набошад, ки ҳузури ман ба ин монеа гардад".