Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

БОЗИҲОИ ЗИМИСТОНАИ ОЛИМПИИ ПЕКИН-2022: МАЪЛУМОТЕ, КИ БОЯД ДОНИСТ

04.02.2021

: 1003

То Бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2022 дар Пекин як сол боқӣ монд ва таваҷҷуҳи варзишгарон ва мухлисони намудҳои зимистонаи варзиш ба бозиҳо дар ҷаҳон меафзояд.

Аз 4 то 20 феврали соли 2022 беҳтарин варзишгарони намудҳои зимистонаи варзиш дар пойтахти Ҷумҳурии Мардумии Чин, ҳамчунин Жангҷакоу ҷамъ меоянд ва барои ба даст овардани 109 медали тиллои олимпӣ талош мекунанд.

Дар Бозиҳои Пекин-2022 мусобиқаҳо аз рӯи 15 равияи варзишии 7 намуди варзиш: биатлон; бобслей (скелетон); кёрлинг; хоккей; чанасаворӣ; конкитозӣ (рақси рӯи ях, шорт-трек, конкитозӣ) ва лижаронӣ (лижаронии кӯҳӣ, лижаронии босуръат, лижаронии тарзи озод, дуҳарба, ҷаҳиш аз трамплин ва сноуборд) доир мегарданд.

Тақдими 109 маҷмӯи медалҳо дар нақша аст, ки нисбат ба Бозиҳои Пйонгчанг-2018 7 маҷмӯъ бештар мебошад. Мусобиқаҳои нав дар намудҳои бобслей, шорт-трек, лижаронии тарзи озод, ҷаҳиш аз трамплин ва сноуборд гузаронида хоҳанд шуд. Аз ҷумла аввалин мусобиқаи олимпӣ оид ба монобоб (бобслей-якнафарӣ) миёни бонувон. Ҳамчунин барномаи Бозиҳоро мусобиқаҳои нави лижаронии тарзи озод миёни мардон ва бонувон - биг эйр, сабқати даставии омехта дар ҷаҳиш аз трамплин, даставии омехта дар сноуборд-кросс, даставии омехта дар шорт-трек ташкил додаанд.

Бозиҳои Пекин дар таърихи Бозиҳои олимпӣ аз ҷиҳати таъмини баробарии гендерӣ беҳтарин хоҳад буд: шумораи квотаҳо барои бонувон аз 41 дар сади соли 2018 дар Пйонгчанг то 45 дар сад афзоиш ёфт. Инчунин, дар таърихи ҳаракати олимпӣ Пекин аввалин шаҳре хоҳад шуд, ки ҳам Бозиҳои тобистона ва ҳам Бозиҳои зимистонаи олимпиро мизбонӣ мекунад.

Маросими кушодашавӣ ва пӯшидашавии бозиҳо дар Варзишгоҳи миллӣ, ки бо номи “Лонаи паранда” машҳур аст ва варзишгоҳи асосӣ барои баргузории Бозиҳои олимпии соли 2008 буд, доир мешавад.

Ҳамаи мусобиқаҳо дар болои ях дар Пекин мегузаранд, аз ҷумла дар иншооти варзишие, ки дар Бозиҳои олимпии соли 2008 истифода шуда буданд, мисли маркази миллии варзишҳои обӣ, ки барои мусобиқаи керлинг мувофиқ карда шудааст.



Пандаи бузург бо номи Bing Dwen Dwen талисмани расмии Бозиҳои зимистонаи олимпии Пекин-2022 мебошад. Bing маънои покӣ ва тавоноиро дорад, Dwen Dwen кӯдаконро ифода мекунад. Талисман нерӯ ва иродаи варзишгаронро таҷассум намуда, ба тарғиби рӯҳияи олимпӣ мусоидат хоҳад кард.



Нишони бозиҳо дар асоси иероглифи чинии “зимистон” 冬 сохта шудааст. Он шакли варзишгари рақси рӯи яхро аз боло ва лижаронро аз поён таҷассум мекунад.

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи намудҳои зимистонаи варзиши Тоҷикистон ду варзишгар – Ғоибов Баҳриддин ва Сайфиддини Низомиддинро дар намуди лижаронии кӯҳӣ ҷиҳати ба даст овардани роҳхати Бозиҳои зимистонаи олимпии Пекин-2022 сафарбар кардаанд. Онҳо ҳар моҳ дар ҳаҷми 1500 доллари ИМА кӯмакпулии олимпӣ мегиранд, ки барои тамрин ва иштирок дар мусобиқаҳои интихобӣ пешбинӣ шудааст.