Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

“ТОКИО-2020” АВВАЛИН ДАСТУРИ ҚОИДАҲОРО НАШР КАРД

03.02.2021

: 913

Ба иштирокчиён ва намояндагони расмӣ дар Бозиҳои батаъхирафтодаи олимпӣ ва паралимпии Токио-2020 тавсия дода шудааст, ки ҳангоми ташвиқи варзишгарон суруд нахонанд ва бе иҷозат аз нақлиёти ҷамъиятӣ истифода набаранд.

Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО), Кумитаи байналмилалии паралимпӣ ва Кумитаи тадорукоти “Токио-2020” имрӯз дастури “Китоби бозӣ”-ро барои Федератсияҳои байналмилалӣ ва шахсони расмии техникӣ, ки дар Бозиҳои олимпӣ ва паралимпии Токио-2020 иштирок мекунанд, нашр кард.

Дар китоб як қатор қоидаҳо пешниҳод шудааст, ки федератсияҳои байналмилалӣ ва шахсони расмии техникӣ бояд ҳангоми бозиҳо риоя намоянд, новобаста ба чигунагии буҳрон дар робита ба COVID-19.

Аз федератсияҳои байналмилалӣ ва шахсони техникӣ даъват шудааст, ки “варзишгаронро бо қарсакзанӣ дастгирӣ кунанд, суруд нахонанд ва фарёд назананд”. Барои онҳо рафтан ба минтақаҳои сайёҳӣ, қаҳвахонаҳо, тарабхонаҳо ва мағозаҳо, ба хотири пешгирии хатари олудашавӣ ба COVID-19, манъ карда шудааст.

Онҳо, ҳамчунин наметавонанд бе иҷозат аз нақлияти ҷамъиятӣ истифода баранд ва аз онҳо хоҳиш карда мешавад, ки “нақшаи фаъолият”-ашонро дар 14 рӯзи аввали ҳузур доштан дар кишвари мизбони бозиҳо муфассал хонапурӣ намоянд.

Иштирокчиён бояд мунтазам аз ташхиси COVID-19 гузаранд, хусусан пеш аз сафар ба Ҷопон, ҳангоми расидан, дар вақти бозиҳо ва мумкин аст пеш аз бозгашт ба хона.

Масофа зимни тамос бо варзишгарон бояд на камтар аз 2 метр бошад.

Ҳар касе, ки ба Токио сафар мекунад, бояд 2 ҳафта пеш аз парвоз дар смартфони худ як барномаи махсус насб кунад - он ба Ҷопон ҳисоботи солимӣ мефиристад ва пас аз расидан тамосҳоро пайгирӣ мекунад.

Ҳар кас вазифадор аст, ки бо худ ниқоби зиёдтар дошта бошад. Ниқобҳо бояд ду ва ё беҳтар аз се қабат, бо талаботи махсус барои матоъ иборат бошанд.

Тибқи сенария, натиҷаи ташхиси ҳар нафаре, ки мусбат бошад, мумкин аст ӯ дар муассисаҳое, ки ҳукумати Ҷопон муайян кардааст, нигоҳдорӣ шавад.

Дастури қоидаҳо, инчунин барои варзишгарон, расонаҳои хабарӣ ва пахшкунандагони бозиҳо рӯзҳои наздик нашр хоҳад шуд.

Қоидаҳои нави ташхис, риояи фосилаи иҷтимоӣ, гигиена ва рафтор дар давоми бозиҳо, эҳтимолан ба нашрҳои баъдии “Китоби бозӣ” ҷой карда мешаванд, ки вобаста ба таҳаввулоти бӯҳрони ҷаҳонии тандурустӣ доимо бозбинӣ хоҳад шуд.