02.02.2021
: 812
Тими мунтахаби футболи Тоҷикистон бозии аввали рафиқонаро бо тими миллии Урдун доир кард.
Дидори дастаҳо дар варзишгоҳи Ассотсиатсияи футболи АМА сурат гирифта бо пирӯзии урдуниҳо хотима ёфт (2:0).
5-уми феврал дастаҳои мунтахаби Урдун ва Тоҷикистон дар Дубай боз як бозии рафиқона доир мекунанд. Вохӯрӣ соати 19:00 бо вақти Душанбе оғоз мегардад.
Бозии рафиқона
Урдун – ТОҶИКИСТОН – 2:0
Голҳо: Аҳмад Ҳамдоунӣ, 37 – аз пеналтӣ (1:0). Муҳаммад Абу Зрайк, 44 (2:0).
Ҳайати Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Ваҳдат Ханонов, Давронҷон Эргашев, Аҳтам Назаров (к), Манучеҳр Сафаров (Искандар Ҷалилов, 46), Амирбек Ҷурабоев (Абдулмумин Забиров, 82), Муҳаммадҷон Раҳимов (Ислом Зоиров, 73), Ҷаҳонгир Эргашев (Табрези Давлатмир, 77), Эҳсони Панҷшанбе, Алишер Ҷалилов, Манучеҳр Ҷалилов (Тоҳир Малодӯстов, 82).
1-уми феврал. Дубай, варзишгоҳи Ассотсиатсияи футболи АМА.