01.02.2021
: 941
30-31 январ дар толори Муассисаи давлатии “Мактаби ҷумҳуриявии тайёрии олимпии дастаҳои мунтахаб” мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷудо байни калонсолон баргузор шуд.
Ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, дар мусобиқа 273 варзишгар аз минтақаҳои кишвар ширкат карданд.
Ҳадаф аз баргузор кардани мусобиқа дар аввали сол муайян кардани мавқеи паҳлавонон дар радабандии ягонаи ҷумҳуриявӣ мебошад, ки имкон медиҳад ҳангоми сафарбарии онҳо ба мусобиқаҳои байналмилалӣ беҳтаринҳо бе мушкилӣ интихоб шаванд.
Рӯзи якум қувваозмоиҳо дар вазнҳои -60кг, -66кг ва -73кг, рӯзи дуюм қувваозмоиҳои вазнҳои -81кг, -90кг, -100кг, +100кг ва дар ду вазн миёни бонувон сурат гирифт.
Ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷудо миёни калонсолон:
-60кг
1. Муҳаммадсолеҳ ҚУВВАТОВ
2. Фирӯз МЕЛИБОЙЗОДА
3. Сарвар АБДУШУКУРОВ
3. Аминҷон ХОЛОВ
-66кг
1. Ёқубҷон БОҚИЕВ
2. Баҳром СУФИЕВ
3. Алиҷон САФАРАЛИЕВ
3. Шаҳбоз САИДАБРОРОВ
-73кг
1. Разиаллоҳ ЛОИҚОВ
2. Иброҳим САИДАКБАРОВ
3. Муҳаммадиқбол ТОШЕВ
3. Алӣ БОҚИЕВ
-81кг
1. Саидмухтор РАСУЛОВ
2. Ҳамроз РАҶАБОВ
3. Муҳаммадҷон АБДУҶАЛИЛЗОДА
3. Хусрав АЛАМОВ
-90кг
1. Сабрулло ҲИКМАТУЛЛОЕВ
2. Комрон КАРЛИКОВ
3. Беҳрӯз ГУЛМАҲМАДЗОДА
3. Исроил РАҲИМОВ
-100кг
1. Мансур РАҲМОН
2. Абубакри АКОБИР
3. Эмомризо АНВАРЗОДА
3. Саидиброз ИКРОМОВ
+100кг
1. Фарёд ШАЙХОВ
2. Некрӯз НЕКБАХТЗОДА
3. Иброҳим ЭЛМУРОДОВ
3. Умед КАМОЛОВ
БОНУВОН:
-63кг
1. Аҳлия МӮЪМИНОВА
2. Мавлуда ОДИНАЕВА
-70кг
1. Шоҳида ҚАЛАНДАРОВА
2. Фирӯза РАҲИМОВА