27.01.2021
: 1387
Дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) дар Куала Лумпур маросими қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2021 доир шуд. Дар натиҷа ҳарифони клубҳои футболи Тоҷикистон – “Равшан” ва “Хуҷанд” – муайян гардиданд.
Ғолиби Ҷоми Тоҷикистон – дастаи “Равшан”-и Кӯлоб дар гурӯҳи “Е” бозӣ мекунад. Ҳарифонаш чемпиони Қирғизистон “Дордой”-и Бишкек ва барандаи медалҳои нуқраи Чемпионати Туркманистон “Аҳал” ҳастанд.
Барандаи медалҳои нуқраи Чемпионати Тоҷикистон – дастаи “Хуҷанд” бошад, дар гурӯҳи “F” бо дастаҳои футболи АГМК ё “Насаф”-и Узбекистон, “Олтин Асир”-и Туркманистон ва “Алай”-и Қирғизистон бозӣ мекунанд.
Марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2021 ба таври мутамарказ аз 14 то 20 май сурат мегирад. Ғолибони гурӯҳҳо дар финали минтақавӣ, ки аз ду бозӣ иборат буда, 11 ва 25 август баргузор мешавад, вомехуранд.
Ҷоми AFC-2021
Минтақаи марказӣ
Гурӯҳи «Е»:
«РАВШАН» (ТОҶИКИСТОН)
«Дордой» (Қирғизистон)
«Аҳал» (Туркманистон)
Гурӯҳи «F»:
АГМК ё «Насаф» (Узбекистон)
«Олтин Асир» (Туркманистон)
«ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН)
«Алай» (Қирғизистон)