Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

КОТИБИ ГЕНЕРАЛИИ КМО ҚАТАР НОИБИ ПРЕЗИДЕНТИ ОСА ИНТИХОБ ШУД

19.01.2021

: 871

Котиби генералии Кумитаи олимпии Қатар Ҷасим Рашид Ал-Буэнайн ноиби президенти Шӯрои олимпии Осиё (ОСА) интихоб шуд.

Номзадии Ал-Буэнайнро ба ин мақом президенти Кумитаи олимпии Қатар шайх Ҷоан ибни Ҳамад Ал-Танӣ пешниҳод кардааст.

Тибқи муқаррароти Оинномаи ОСА, пас аз он ки Доҳа мизбони Бозиҳои Осиё-2030 интихоб шуд, ба Кумитаи олимпии Қатар иҷозат дода шуд, ки ба мақоми ноиби президенти ОСА номзад пешниҳод кунад.

Ал-Буэнайн иҷрокунандаи директори кумитаи дархостии Доҳа-2030 буд ва тавре интизор меравад, дар омодагӣ ба бозиҳо нақши калидӣ хоҳад дошт.

“Барои ман ноиби президенти Шӯрои олимпии Осиё будан ифтихори бузург аст, - гуфтааст Ҷасим Рашид Ал-Буэнайн. – Мехоҳам миннатдориамро ба президенти ОСА шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳ ва ҳамаи оилаи Шӯрои олимпии Осиё расонам, ки имкони саҳм гузоштан ба ояндаи дурахшони варзиши Осиёро фароҳам карданд. Ҳамчунин, ба президенти Кумитаи олимпии Қатар Ҷоан ибни Ҳамад Ал-Танӣ барои таъини ман ва супоридани намояндагии Доҳа-2030 дар Кумитаи иҷроияи ОСА изҳори сипос менамоям. Тавре мо гуфта будем, Қатар барои гузаронидани Бозиҳои Осиё имрӯз омода аст, бинобар ин мо имкон дорем, ки сарфаи хароҷоти худро барои сармоягузории инфрасохтор ва рушди варзиш дар саросари қора истифода барем”.

Ал-Буэнайн ба ҳайати 12-нафараи Кумитаи иҷроияи ОСА ворид гардида, дуюм намояндаи Қатар дар ин мақом мешавад. Ноиби президенти Кумитаи олимпии Қатар Танӣ Абдураҳмон Ал-Куварӣ аз соли 2019 ноиби президенти ОСА мебошад.

Ёдовар мешавем, ки Доҳа дар Ассамблеяи генералии ОСА дар моҳи декабри соли гузашта ба ҳайси мизбони Бозиҳои Осиё-2030 интихоб шуд.