08.01.2021
: 1129
Марҳилаи интихобии варзишгарон ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 аз рӯи намуди ҷудо то 28-уми июни соли 2021 идома меёбад.
Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) тақвими мусобиқотро дар ин давра нашр кард.
Тавре хабар дода будем, соли 2021 бо мусобиқаи ситораҳои ҷудо дар Доҳаи Қатар оғоз меёбад. Мусобиқа 11-13 январ баргузор мешавад, ки дар он се варзишгари мо – Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода (ҳар ду дар вазни -73кг) ва Темур Раҳимов (+100кг) иштирок мекунанд.
Сипас, 18-20 феврал Гранд Слами Тел Авив (Исроил), 27-28 феврал Ҷоми Осиё дар Ҳонгконг доир хоҳанд шуд. Дар моҳи март низ ду мусобиқа ба нақша гирифта шудааст: 5-7 март Гарнд Слами Тошканд (Узбекистон), 26-28 март Гранд Слами Тбилиси (Гурҷистон).
1-3 апрел ҷудочиёни ҷаҳон дар Гранд Слами Анталия (Туркия), баъдан ҷудочиёни Осиё ва Уқёнус дар чемпионати қитъавӣ сабқат мекунанд. 8-9 май бошад, Париж (Фаронса) мизбони мусобиқаи Гранд Слам хоҳад буд.
Марҳилаи интихобӣ бо баргузории Чемпионати ҷаҳон 6-13 июн дар Будапешт (Венгрия) анҷом меёбад. 22 нафари беҳтарини ҳар категорияи вазнӣ имкон пайдо мекунанд, ки дар Бозиҳои олимпии Токио, ки аз 23 июл то 8 августи соли 2021 ба нақша гирифта шудааст, ширкат кунанд.
Феълан аз ҷумҳурии мо се варзишгар – Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода (-73кг) ва Комроншоҳ Устопириён (-90кг) дар минтақаи сабзи радабандии ҷаҳонӣ мавқеъ доранд.