07.01.2021
: 857
Узви аршади Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) Ричард Поунд изҳор намудааст, ки афзалият додан ба варзишгарон ҷиҳати эмгузаронии COVID-19 “роҳи воқеӣ”-и баргузории Бозиҳои олимпӣ ва паралимпии Токио-2020 хоҳад буд.
Бозиҳо бо сабаби авҷи пандемияи COVID-19 аз соли 2020 ба соли 2021 гузаронида шуд, вале буҳрони саломатӣ пас аз кашф шудани намунаи нави вирус, ки 70 дарсад бештар интиқол меёбад, бадтар шуд.
Кишвари мизбони Олимпиада – Ҷопон яке аз давлатҳои мебошад, ки намунаи нави вирусро ба қайд гирифтааст, инчунин пас аз он ки “Kyodo News” 6 январ аз шумораи рекордии 6004 гирифтори коронавирус дар як рӯз хабар дод, дар арафаи вазъияти фавқулодда қарор дорад.
Вале умед аст, ки истеҳсоли як қатор ваксинаҳои зидди COVID-19 имкон медиҳад, ки Бозиҳои олимпӣ бехатар гузаронида шавад, аз ҷумла ваксинаи “Pfizer-BioNTech”, ки феълан дар Британияи Кабир ва ШМА қабул карда мешавад, дар Ҷопон интизори тасдиқ шудан аст.
Поунд гумон намекунад, ки афзалият додан ба варзишгарон барои эмгузаронии зидди коронавирус ҷиҳати баргузор кардани бозиҳо эътирози ҷамъиятиро ба миён оварад: “Дар Канада мо 300-400 варзишгар хоҳем дошт, ки дар бозиҳо иштирок мекунанд ва аз миёни миллионҳо нафар 300 ё 400 ваксина бояд истифода шавад, ки Канада дар чорабинии бузурги варзишӣ муаррифӣ гардад. Фикр мекунам, ин боиси эътирози ҷомеа намешавад”.
“Мо аз аввал иброз доштем, ки пеш аз ҳама ҳамшираҳои тиб, табибон ва ҳамаи онҳое, ки новобаста ба буҳрони соҳаи тандурустӣ барои наҷоти мардум кӯшиш мекунанд, бояд бошанд. Ин нафарон барои дар навбати аввал қабул кардани ваксина арзандаанд”, - гуфтааст Томас Бах.