Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ПЕКИН-2022 ПИКТОГАРАММАҲОИ ВАРЗИШИРО МУАРРИФӢ КАРД

04.01.2021

: 3747

Кумитаи тадорукоти Бозиҳои зимистонаи олимпии Пекин-2022 пиктограммаҳои варзишии бозиҳоро муаррифӣ намуд. Ба гуфтаи ташкилкунандагон нашри пиктограммаҳои расмии бозиҳо "соли ҳаяҷонбахши омодагӣ ба Бозиҳои зимистонаи олимпӣ ва паралимпии Пекин-2022-ро фаро гирифт".

24 пиктограмма барои Бозиҳои зимистонаи олимпӣ, ки аз кандакории анъанавии чинӣ сарчашма гирифтааст, ҳар яке аз равияҳоро дар ҳафт намуди варзиши зимистонаи олимпӣ муайян мекунанд. Бо сабаби фарқияти ҷузъҳо дар равияҳо лижаронии озод ва сноубордро мутаносибан шаш ва панҷ нишона ҷудо мекунад. Ҳамчунин, 6 пиктограмма намудҳои варзиши Бозиҳои зимистонаи паралимпии соли 2022-ро муайян менамояд.

Пиктограммаҳо ҳам ҳаракатҳои варзишҳои зимистона ва ҳам фарҳанги бойи Чинро дар графикаи муосир таҷассум мекунанд. Ба гуфтаи созмондиҳандагон, муқоисаи заминаи сурх ва рамзҳои сафед низ файз ва динамизми варзиши зимистонаро нишон медиҳад, инчунин ба Бозиҳо як фазои идона зам мекунад, ки он бо Соли нави Моҳтобии Чин дар соли 2022 ҳамовоз хоҳад буд.

Пиктограммаҳо бо услуби рамзҳои Бозиҳои соли 2022 таҳия шудаанд, ки ҳар ду унсури графикӣ аз ҷониби як гурӯҳ таҳти роҳбарии дотсенти Академияи марказии ҳунарҳои зебои Чин Лин Кунжен таҳия шудаанд. Бо истифода аз пиктограммаҳои Пекин 2008, намунаҳои 2022 низ санъати хаттотиро дар бар мегиранд.