Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Рушди ҳамкории КМОТ бо федератсияҳо дар самти мубориза бо допинг

Рушди ҳамкории КМОТ бо федератсияҳо дар самти мубориза бо допинг Рушди ҳамкории КМОТ бо федератсияҳо дар самти мубориза бо допинг Рушди ҳамкории КМОТ бо федератсияҳо дар самти мубориза бо допинг Рушди ҳамкории КМОТ бо федератсияҳо дар самти мубориза бо допинг Рушди ҳамкории КМОТ бо федератсияҳо дар самти мубориза бо допинг Рушди ҳамкории КМОТ бо федератсияҳо дар самти мубориза бо допинг

19.11.2020

: 1363

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон чораҳои баланд бардоштани сатҳи огоҳии намояндагони федератсияҳои миллии варзишӣ, мактабҳои варзишӣ, клубҳо, варзишгарон ва мураббиёнро тақвият медиҳад.

Дар асоси муқаррароти Кодекси ҷаҳонии зидди допинг, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аз соли 2021, ҳамчунин вазифаҳои ташкилоти миллии зидди допингро иҷро мекунад. Дар робита ба ин, бо сарпарастии Ҳамбастагии олимпӣ 1-20 ноябр дар шаҳри Душанбе барои 120 нафар, аз ҷумла аъзои кумитаҳои иҷроияи федератсияҳои миллӣ, роҳбарон ва кормандони маъмурии федератсияҳои миллӣ, шахсоне, ки дар қабули қарорҳо масъуланд ва намояндагони варзишгарон силсила-семинарҳои серӯза баргузор кард.
Дар ҷараёни доир кардани семинарҳо аз ҷониби Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон маълумоти муҳим доир ба ҷанбаҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, иттилоотӣ ва омӯзишии мубориза бо допинг дар варзиш мувофиқи Кодекси ҷаҳонии зидди допинг-2021 ва меъёрҳои байналмилалии Агентии ҷаҳонии зидди допинг (WADA) пешниҳод шуд. Ҳамчунин механизми ҳамоҳангӣ оид ба пешгирии истифодаи допинг дар варзиш ва риояи талаботҳои Кодекс-2021 ва муқаррароти байналмилалии WADA коркард шуд, аз ҷумла
- қабул кардани қоидаҳои зидди допинги федератсияҳои миллӣ;
- таҳия ва тақсим кардани барномаҳои омӯзишии мубориза бо допинг;
- ҷорӣ кардани қоидаҳои интизомии федератсияҳои миллӣ.
Яъне тибқи талаботи WADA дар баробари Кумитаи миллии олимпӣ федератсияҳои миллии варзишӣ низ бояд қоидаҳои зидди допинги дохилиро таҳия ва қабул кунанд. Ин амал боис мегардад, ки сатҳи огоҳии варзишгарон оид ба допинг ва оқибатҳои истифодаи он баланд гардад ва обрӯю эътибори кишвар дар арасаи байналмилалӣ ҳифз карда шавад.