29.09.2020
: 1056
29 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт Клуби варзишии Парвиз Собировро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Муассиси Клуби варзишӣ варзишгари маъруфи кишвар Парвиз Собиров мебошад ва толор бо риояи тамоми меъёрҳои сохтмонию меъморӣ ба маблағи 2 миллиону 400 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби даромади шахсии ӯ бунёд шудааст.
Иншооти варзишӣ аз 2 ошёна иборат буда, масоҳати зери сохтмони он 468 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дар Клуби варзишӣ 15 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ гардидаанд.
Тамоми таҷҳизоти варзишӣ дар асоси фармоиши махсус дар шаҳри Гуанчжоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин бо сифати ҷавобгӯ ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ сохта шудааст.
Дар ошёнаи якум толори машқи бадан бо 45 намуд тренажёр барои 55 намуди варзиши чор гурӯҳи ҳар кадом 20-нафарӣ дар ду баст, утоқи кории роҳбари клуб, ҳуҷраи кории мураббиён, ҷойи ивазкунии сару либос, ҳаммом ва ҳоҷатхона дар ошёнаи дуюм толори машқу тамрини гуштини ҷудо барои 4 гурӯҳи ҳар кадом 20-нафарӣ дар ду баст, дар маҷмуъ барои 100 нафар сохта шудааст.
Ифтитоҳи Клуби варзишӣ имкониятҳои ба варзиш рӯ овардани ҷавононро дар пойтахт боз ҳам бештар кард.
Дар таҳхонаи бино ояндаи наздик дар нақша аст, ки барои занону бонувон толори машқи бадан бо тамоми таҷҳизот ба истифода дода шавад. Таҷҳизоти зарурии машқу тамрин харидорӣ шудааст.
Баъди шиносоии пурра бо Клуби варзишӣ Президенти мамлакат ба иқдоми варзишгари шинохтаи кишвар Парвиз Собиров барои ташаббуси шоиста, бунёди иншооти муосири варзишӣ баҳои баланд дода, ҷиҳати ободии як гӯшаи диёр, таъсиси ҷойҳои корӣ ва фароҳам овардани шароити ҷалби сокинони шаҳр ба варзиш ва обу тоби бадан изҳори сипос карданд.