25.09.2020
: 976
Дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 24 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Хайркорони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Маҷмааи варзишии “Бахтиёри Шамс”-ро ба истифода супурданд.
Маҷмааи варзишии мазкур аз шумори иншоотест, ки ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Сулаймон Шамсов бо маблағи 550 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст.
Маҷмаа дорои толори варзишии болопӯшида аст, ки дарозиаш 40 метр ва паҳноиаш 18 метрро ташкил медиҳад.
Ба Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ иттилоъ доданд, ки толори варзишии болопӯшида барои бозиҳои футболи хурд, тенниси рӯи миз, волейбол, баскетбол ва намудҳои гуногуни варзиш пешбинӣ шуда, дар он барои варзишгарон ҷойҳои либосивазкунӣ ва дигар шароити зарурӣ муҳайё мебошад.
Президенти мамлакат ба соҳибкори маҳаллӣ, ки бо ҳисси баланди ватандӯстӣ дар корҳои созандагӣ саҳми фаъол гузоштааст, изҳори миннатдорӣ намуда, чунин иқдоми бунёдкоронаро нишонаи олии ватандӯстӣ арзёбӣ карданд.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо варзишгарон зимни суҳбати озоду самимӣ таъкид карданд, ки аз чунин шароити мусоид ба таври васеъ истифода намуда, бештар ба машқу тамрин машғул шаванд.
Дар шафати толори варзиш, ҳамчунин майдони варзишӣ бо дарозии 110 метр ва паҳноии 65 метр бо 800 ҷойи нишаст тибқи стандарти байналмилалӣ бунёд гардида, барои бозии футбол пешбинӣ шудааст.
Саҳн ва атрофи толор ва майдони варзишӣ бо шинонидани дарахтони ороишӣ ва сояафкани нодир ба як мавзеи ободу зебо табдил ëфтааст.
Наврасону ҷавонон дар ин маҷмааи варзишӣ, ки дорои шароити мусоид аст ба машқу тамрин машғул шуда, дар оянда ба ҳайси варзишгарони варзида муаррифгари давлату миллати хеш дар арсаи байналмилалӣ хоҳанд буд.
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин замони соҳибистиқлолӣ 73 майдонча ва 5 толори варзишӣ сохта шуда, дар мактаби варзишии кӯдакону наврасон аз рӯи 8 намуди варзиш 387 нафар ба машқу тамрин ҷалб карда шуданд.
Бунёди майдонча ва толорҳои варзишӣ ва ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба тамрин имкон фароҳам овард, ки танҳо дар соли 2020 варзишгарони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин зимни ширкат дар мусобиқаҳои варзишӣ сазовори 18 медал, аз ҷумла 9 медали тилло, 4 медали нуқра ва 5 медали биринҷӣ гардиданд.