23.09.2020
: 985
Таъсири пандемияи COVID-19 дар Осиё 22 сентябр зимни ҷаласаи онлайнии кумитаи варзиш ва муҳити зисти Шӯрои олимпии Осиё (OCA) баррасӣ гардид.
Дар ҷаласа котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдуллозода Муҳаммадшо, ки узви ин кумита мебошад, иштирок кард.
Раиси кумитаи варзиш ва ҳифзи муҳити зист Ю Кён Сон аз Корея иброз намуд, ки пандемия дар тақвими варзишии тамоми ҷаҳон таъсири ҷиддӣ гузошт, аз ҷумла сабаби як сол ба таъхир афтодани Бозиҳои олимпӣ ва паралимпии Токио-2020 гардид.
“COVID-19 вазъияти бесобиқаро пеш овард ва ҳамаи моро дар Осиё шигифтзада кард, - гуфт ӯ. – Мо бояд барои фароҳам кардани шароити тозаи муҳити зист дар чорабиниҳои варзишии худ ҳар коре, ки аз дастамон меояд иҷро ва дар ҳалли мушкилоти мавҷуда якҷоя кор кунем".Аъзи кумита аз Эрон, Ҳиндустон, Ҷопон, Малдив, Мянма, Покистон ва Тоҷикистон вазъи давраи пандемияи кишварҳояшонро шарҳ доданд ва вобаста ба чораҳои дар ин самт амаликардаашон ҷиҳати ҳифзи саломатии варзишгарон ҳангоми аз сар гирифтани чорабиниҳои варзишӣ андешаронӣ намуданд.
“Вазифаи асосии мо таъмин кардани муҳити бехатар ва шароити созгор барои варзишгарон дар се бозиҳои соли оянда ва Бозиҳои Осиё-2022 мебошад. Дар ин робита мо омодаем ҳар гуна пешниҳодоти кумитаи варзиш ва ҳифзи муҳити зистро қабул кунем, ки мумкин аст ба мо дар ин самт кӯмак кунад”.Ҳайдар Фармон афзуд, ки ҳамаи 44 кумитаи миллии олимпии ОСА дар доираи барномаҳои Ҳамбастагии олимпӣ 25000-долларӣ дарёфт намуданд. Ин маблағ барои пешгирии COVID-19, аз ҷумла харидории маводу маҳсулоти ҳимоявӣ ва тоза кардани иншоот нигаронида шудааст.