Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ дар ноҳияи Шаҳритус

Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ дар ноҳияи Шаҳритус Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ дар ноҳияи Шаҳритус

22.09.2020

: 958

Дар ноҳияи Шаҳритус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдончаи варзиширо мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Сарвари давлат бо имкониятҳои иншооти нав аз наздик шинос шуда, бо варзишгарони ноҳия суҳбати самимӣ анҷом доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки ба хотири тарғиби тарзи ҳаёти солим, дар пайравӣ ба иқдомҳои созандаи Пешвои миллат, майдончаи мазкурро соҳибкори маҳаллӣ Хуршед Маҳмадалиев бунёд намуда, дар он барои тамрини ҷисмонии ҷавонону наврасон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Масоҳати умумии иншоот 0,16 гектарро дар бар гирифта, сохтмони он бо назардошти талаботи муосир анҷом ёфтааст. Аз ҷумла, гирду атрофи майдонча пурра панҷарапӯш ва чароғон карда шудааст. Майдони бозӣ аз масолеҳи хушсифат бунёд ёфта, барои тамошобинон нишастгоҳҳои алоҳида насб гардидааст.
Ҳангоми таҳияи лоиҳа ва анҷоми корҳои сохтмонӣ, ба масъалаи ободонии гирду атрофи иншоот таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид. Аз ин ҷост, ки гирду атрофи майдончаро гулҳои зебои мавсимиву ҳамешасабз оро медиҳад. Ҳамчунин барои варзишгарону сокинони ноҳия иншооти ёрирасон, аз қабили утоқи ивазкунии сару либос сохта шудааст.
Ба Президенти мамлакат иттилоъ доданд, ки дар баробари бозии футбол, наврасону ҷавонон ҳамчунин метавонанд ба варзиши сабук машғул гарданд. Дар назди майдончаи футбол дастгоҳу таҷҳизоти зурурӣ барои машғулиятҳои ҳаррӯзаи варзишӣ ва обу тоби бадан насб гардидааст. Ҳамзамон роҳрав ва гирду атрофи майдончаи варзишӣ пурра сафолакпӯш шудааст.
Майдончаи варзишӣ дар доираи Нақша-чорабиниҳо ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Ба таъкиди масъулини соҳаи варзиши ноҳия, тадбирҳои идона ба истиқболи солгарди 30-юми Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарту шароит ва имкониятҳои онҳоро ба тарзи чашмрас дигаргун намуд. Аз ҷумла, дар ноҳия то кунун 15 адад майдонча ба истифода дода шуда, танҳо дар доираи сафари кории Сарвари давлат 6 майдончаи варзишии муосир барои наврасону ҷавонон ва варзишгарон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Зимни боздид Роҳбари давлат иқдомҳои бунёдкоронаи соҳибкорони маҳаллиро намунаи ибрат хонда, ба ҷавонону наврасон маслиҳат доданд, ки имконоти мазкурро самаранок истифода баранд ва вақтҳои холии худро бештар бо машқу тамрин сипарӣ намоянд, зеро варзиш омили муҳимтарини солимист.