21.09.2020
: 910
Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) қарор қабул кард, ки мусобиқаи Гранд Слами Токио бо сабаби пандемияи коронавирус дар моҳи декабр баргузор намешавад.
Тибқи иттилои “Kyodo News”-и Ҷопон президенти IJF Мариус Визер бо ҳамкасбонаш дар Федератсияи ҷудои Ҷопон доир ба ин чорабинӣ гуфтушунид карданд. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки агар кадоме аз иштиокчиёни мусобиқа ба коронавирус мубтало шавад, ин ҳолат мумкин аст ба Бозиҳои олимпии батаъхирафтодаи Токио-2020 халал расонад.
Баргузории мусобиқа 11-13 декабр ба нақша гирифта шуда буд.
Моҳи гузашта IJF эълон кард, ки силсилаи мусобиқаҳои ҷудоро аз сар мегирад. Ин мавсим бояд бо доир шудани Гранд Слами Будапешт дар Маҷористон оғоз гардад.