14.09.2020
: 1407
Ҳангомаи асосии рӯзи аввали бозиҳои даври чорякфинали Ҷоми Тоҷикистон-2020 берун шудани “Истиқлол” аз мусобиқа буд, ки дар сафар аз тими “Равшан”-и Кӯлоб бо ҳисоби 2:4 шикаст хурд.
Ду голи Ҳасан Рустамов ва голҳои Наврӯз Рустамов ва Абдураҳмон Нозимов “Равшан”-ро ба нимфинали Ҷоми Тоҷикистон баровард. Дар ин давр шогирдони Ғайраталӣ Мираҳмадов бо ғолиби ҷуфти “Локомотив-Помир” – “Регар-ТадАЗ” вомехурад.
Ёдовар мешавем, ки “Истиқлол” бори аввал дар таърихи мавҷудияташ иштирокашро дар даври чорякфинали Ҷоми Тоҷикистон анҷом дод.
Дар бозии дигар “Хатлон”-и Бохтар дар сафар бар тими “Эсхата” пирӯз шуд – 1:0. Голи ягонаро Сорбон Авғонов зад. Дар даври нимфинал дастаи Аслиддин Ҳабибуллоев бо ғолиби ҷуфти “Истаравшан” – “Куктош” бозӣ мекунад.
Ду бозии дигари даври чорякфинали Ҷоми Тоҷикистон-2020 15 сентябр баргузор мешавад. “Локомотив-Помир” бо “Регар-ТадАЗ”, “Истаравшан” бо “Куктош” вомехуранд.