11.09.2020
: 996
10 сентябр ҷаласаи кумитаи иҷроияи Конфедератсияи футболи Осиё баргузор шуда, як қатор қарорҳои муҳим қабул гардиданд.
Кумитаи иҷроияи КФО, ки ҷаласааш ба таври онлайн доир гашт, иқрор шуд, ки пандемияи COVID-19 имкон надод, ки мусобиқаҳо имсол баргузор шаванд. Ба хотири ҳифзи саломатии варзишгарони ҷавон ва мушкилоти сафар қарор шуд, ки чемпионатҳои Осиё миёни наврасон (U-16) ва ҷавонон (U-19) дар Баҳрайн ва Узбекистон ба соли 2021 гузаронида шаванд.
Чемпионати Осиё оид ба футзал, ки бояд моҳи ноябр дар Ашқобод сурат мегирифт, акнун 2-13 декабри имсол дар Кувейт баргузор мешавад.
“Бо дар назар гирифтани тадорукот ҷиҳати ҳамоҳангии панҷ минтақаи Ҷоми КФО, инчунин ба анҷом расидани мусобиқаҳои маҳаллӣ дар аксар кишварҳо кумитаи иҷроияи КФО розӣ шуд, ки идомаи Ҷоми КФО-2020 баргузор нашавад”, - хабар додааст сомонаи расмии КФО.
Акнун дастаҳои “Истиқлол” ва “Хуҷанд”, ки дар доираи Ҷоми КФО-2020 як бозӣ анҷом дода буданд, имсол дар дуюм мусобиқаи бонуфузи клубҳои Осиё ширкат намекунанд.
Ҳамчунин, қарор қабул шуд, ки 30-юм Анҷумани КФО 9 декабр дар Куала Лумпур ба таври онлайн доир карда шавад.