26.08.2020
: 974
24-25 август бозиҳои даври чоруми лигаи ҳендболи Тоҷикистон баргузор шуданд.
Дастаи “Душанбе” ин навбат низ пирӯз шуд. Ҳарифаш дастаи “Сарез” буд, ки бо ҳисоби 25:16 мағлуб шуд. Дар бозии дигар ғайриинтизор “Паразити” аз “Скиф” бо ҳисоби 23:27 шикаст хурд. Дар ду бозии дигар “Сокол” бар “Марко Поло" бо ”исоби 25:19 ва “Ҳисор” бар “Погранчи” бо ҳисоби 34:32 ғалаба карданд. Ин аввалин пирӯзии “Сокол” ва “Ҳисор” дар мусобиқа мебошад.
Дар даври панҷум ҷуфтҳо тариқи зайл бо ҳам вомехуранд:
“Сарез” – “Скиф”
“Душанбе” – “Сокол”
“Паразити” – “Погранчи”
“Марко Поло” – “Ҳисор”
ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | Т-Т | Х | |
1 | "Душанбе" | 4 | 4 | 0 | 0 | 133-94 | 8 |
2 | "Паразити" | 4 | 3 | 0 | 1 | 130-95 | 6 |
3 | "Скиф" | 4 | 3 | 0 | 1 | 123-117 | 6 |
4 | "Пагранчи" | 4 | 2 | 0 | 2 | 123-110 | 4 |
5 | "Марко Поло" | 4 | 1 | 0 | 3 | 101-119 | 2 |
6 | "Ҳисор" | 4 | 1 | 0 | 3 | 111-129 | 2 |
7 | "Сарез" | 4 | 1 | 0 | 3 | 83-105 | 2 |
8 | "Сокол" | 4 | 1 | 0 | 3 | 91-126 | 2 |