20.08.2020
: 903
Марҳилаи дуюми лигаи касбии футзали Тоҷикистон оғоз шуд. Дар бозии марказии даври шашум дастаи “Сипар”-и Хуҷанд бар тими “Соро компания”-и Душанбе ғолиб омад.
Дидори дастаҳо 19 август дар толори варзишии Кумитаи андоз дар шаҳри Душанбе доир шуд ва бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи хуҷандиҳо анҷом ёфт. Дар ҳайати тими ғолиб голҳоро Собирҷон Гуляков ва Парвиз Раҳматов заданд.
Дар бозии дигар “Истаравшан” дар шаҳри Турсунзода бар тими маҳаллии “Самандар” пирӯз шуд – 16:8. Дар ҳайати истаравшаниҳо Шаҳбоз Бобоҷонов ва Фаридун Расулов шашголӣ заданд.
Дар бозии ҷамъбастии давр “Муҳоҷир” тими “Равшан”-и Кӯлобро бо ҳисоби 12:3 мағлуб намуд. Дар ҳайати тими Душанбе Самандар Ризомов се тӯб, Хуршеди Зайниддин, Бахтиёр Солиев ва Хайём Дарвешов дутӯбӣ ба ҳадаф расониданд.
Пас аз гузашти шаш давр, дар ҷадвали чемпионат “Сипар”-и Хуҷанд бо 16 хол пешсафи ягона шуд. “Соро компания” бо 13 хол дар ҷои дуюм аст. “Муҳоҷир”, ки 12 хол дорад, ҷои сеюмро ишғол намудааст.
Бозиҳои даври ҳафтуми лигаи касбии футзали Тоҷикистон 22 август баргузор мешавад. «Сипар» бо «Самандар», «Истаравшан» бо «Муҳоҷир», «Равшан» бо «Соро компания» бозӣ мекунанд.
Б | Ғ | М | Б | Т-Т | Х | ||
1 | "Сипар" (Хуҷанд) | 6 | 5 | 1 | 0 | 36-16 | 16 |
2 | "Соро компания" (Душанбе) | 6 | 4 | 1 | 1 | 41-8 | 13 |
3 | "Муҳоҷир" (Душанбе) | 6 | 4 | 0 | 2 | 34-26 | 12 |
4 | "Истаравшан" (Истаравшан) | 6 | 2 | 0 | 4 | 43-42 | 6 |
5 | "Равшан" (Кӯлоб) | 6 | 1 | 0 | 5 | 26-55 | 3 |
6 | "Самандар" (Турсунзода) | 6 | 1 | 0 | 5 | 34-67 | 3 |