17.08.2020
: 1054
Пас аз карантин аввалин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ 2-4 октябри соли 2020 дар Анталияи Туркия баргузор мешавад.
Шумораи иштирокчиён ҳоло маълум нест, зеро бақайдгирӣ имрӯз, 17 август, оғоз гардид.
Кумитаи иҷроияи ташкилоти “Камонварии ҷаҳонӣ” (World Archery) қаблан бо сабаби пандемияи Covid-19 Ҷоми ҷаҳонро барҳам дода буд. Ин чорабинӣ соли оянда ба нақша гирифта шудааст. Ҷоми ҷаҳон-2021 аз се марҳила иборат хоҳад буд – дар Гуатамелла (19-25 апрел), Шанхай (17-23 май) ва Париж (22-23 июн). Ба ин хотир World Archery иҷозат дод, ки мусобиқаҳои интихобӣ аз 1 сентябри соли 2020 доир карда шаванд. Холҳои бадастовардаи варзишгарон дар чунин мусобиқаҳо то 1 апрел алоҳида ҳисоб карда хоҳад шуд.
- Анталия аввалин шаҳр буд, ки хостгори ташкил ва баргузор кардани мусобиқа шуд. Ин шаҳр омода аст, амнияти иштирокчиёнро таъмин кунад, - омадааст дар изҳороти World Archery. – Дар Анталия бояд Чемпионати Аврупо доир мегашт, вале ба соли оянда гузаронида шуд. Инчунин ин шаҳр омодагиашро барои қабули марҳилаи Ҷоми ҷаҳон-2020 изҳор дошта буд.World Archery қайд кардааст, барои он ки мусобиқа дар Туркия интихобӣ маҳсуб ёбад, бояд дар он ҳадди ақал намояндагони чор давлат ширкат намоянд. Ҳангоми таҳияи нақша бартарӣ ба мусобиқоти инфиродӣ дода мешавад. Бақайдгирии иштирокчиён аз 17 август то 21 сентябр идома меёбад. Ҳамаи иштирокчиён бояд талаботи ҳифзи саломатиро риоя кунанд.