Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ЧҶ оид ба таеквондо миёни наврасон-2020 барҳам дода шуд

14.08.2020

: 1051

Шӯрои Таеквондои ҷаҳонӣ чемпионати ҷаҳон оид ба таеквондо миёни наврасонро дар соли 2020, ба хотири ҳифзи саломатии иштирокчиён, барҳам дод.

Ҷаласаи шӯро тариқи онлайн сурат гирифт ва аъзои он розӣ шуданд, ки масъалаи амнияти оилаи таеквондо дар ҷои аввал меистад. Пас аз машварат бо федератсияҳои миллӣ, кумитаҳои Таеквондои ҷаҳонӣ, бахусус кумитаи тиббӣ ва зидди допинг ва дар мувофиқа бо мақомоти тандурустии маҳаллӣ оид ба барҳам додани чемпионати имсола қарор қабул гардид.
Софияи Булғористон, ки мебоист чемпионати имсоларо моҳи октябр мизбонӣ мекард, акнун чорабиниро соли 2022 қабул мекунад.

Президенти Ташкилоти “Таеквондои ҷаҳонӣ” Чунгвон Чоу зимни ҷаласаи онлайн гуфт: “Мо аз он ки имсол чемпионати ҷаҳон миёни наврасонро дар София баргузор карда наметавонем, андуҳгинем. Вале бароямон ҳамеша возеҳ аст, ки солимии оилаи таеквондои ҷаҳонӣ бояд дар ҷои аввал бошад. Пас аз машварат ва баррасиҳои зиёд ба хулоса омадем, ки баргузор кардани чемпионат дар соли равон хатар дорад. Мо бовар дорем, ки соли 2022 София чорабиниро бошаҳомат мегузаронад”.
Қарор дар бораи финали Гран прӣ дар Канкун-2020 (Мексика) ва Гранд слам дар Вуши-2020 (Чин), ки охири соли равон ба нақша гирифта шудааст, моҳи октябр дар ҷаласаи навбатии шӯро қабул карда мешавад. То он замон Таеквондои ҷаҳонӣ бо ташкилкунандагон ва ҷонибҳои дахлдор ҷиҳати огоҳ будан аз вазъияти ин кишварҳо дар тамоси доимӣ хоҳад буд.