12.08.2020
: 1143
Федератсияи ҳендболи Тоҷикистон бори аввал дар таърихи варзиши кишвар лигаи ҳендбол таъсис дод.
Ба иттилои раиси Федератсияи ҳендболи Тоҷикистон Муҳаммадфарид Мирзоҳодиев, лигаи ҳендболи Тоҷикистон миёни ҷавонон доир мегардад ва дар он 8 даста – “Душанбе”, “Марко Поло”, “Сарез”, “Скиф”, “Сокол”, “Пагранчи”, “Паразити” ва “Ҳисор” иштирок мекунанд.
Бозиҳо дар ду марҳила баргузор мегардад ва дастае, ки холҳои бештар ба даст меорад, ғолиб мегардад. Марҳилаи аввали лигаи ҳендболи Тоҷикистон аз 17 то 28 август доир мешавад.
“Рӯзҳои 29-31 август Федератсияи ҳендболи Осиё барои доварони Тоҷикистон тариқи онлайн курси омӯзишӣ мегузаронад. Доварони мо, ки бозиҳои марҳилаи аввали лигаи ҳендболро ҳакамӣ мекунанд, имкон доранд дар курси омӯзишӣ иштирок ва донишҳои худро афзун намоянд, - иброз намуд М. Мирзоҳодиев. – Сипас, доварон донишу таҷрибаи андухтаашонро дар марҳилаи дуюм амалӣ мекунанд”.Федератсияи ҳендболи Тоҷикистон кӯшиш дорад бозиҳо дар сатҳи баланди касбӣ баргузор шаванд ва аз ҳисоби чеҳраҳои нав тими мунтахаби Тоҷикистонро барои иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ташкил намояд.