Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Дар шаш моҳ ба хазинаи варзиши кишвар 92 медал ворид гардид

29.07.2020

: 923

Дар 6 моҳи аввали соли равон варзишгарони тоҷик ба хазинаи варзиши ҷумҳурӣ 92 медал ворид намуданд, ки 27-тои онро медали тилло ташкил медиҳад. Дар ин давра ду варзишгари тоҷик тавонистанд роҳхати Бозиҳои олимпии Токиоро ба даст оваранд.

Ин нукта зимни нишасти матбуотии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён шуд.
«Дар нимсолаи аввали соли 2020 186 варзишгар дар 25 мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ иштирок намуда, 27 медали тилло, 27 медали нуқра ва 38 медали биринҷӣ ба хазинаи варзиши кишвар ворид намуданд, ки нисбат ба соли 2019 97 медал кам мебошад. Иллаташ ин аст ки бо сабаби пандемияи КОВИД-19 мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ баргузор нашуданд», - гуфт раиси кумита Абдулло Раҳмонзода.
Давоми шашмоҳаи якуми соли равон 35 чорабинии варзишии мухталиф баргузор шуд, аз ҷумла 8 чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 27 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз намудҳои лижаронии кӯҳӣ, варзиши сабук, шоҳмот, вазнбардорӣ, дзюдо байни маъюбон, шоҳмот, гӯштини миллӣ, самбо, дзюдо, шиноварӣ, ҳандбол, чавгонбозӣ, теннис, акробатикаи варзишӣ, каратэ-до, таеквондо (ВТФ), волейбол байни бонувон ва мардон, ки дар онҳо 5 ҳазору 872 варзишгар, аз ҷумла 992 зан ширкат карданд.