22.07.2020
: 1119
Федератсияи байналмилалии шиноварӣ (FINA) оид ба бастаи маблағгузории COVID-19 дар ҳаҷми 6 миллион доллари ИМА барои варзишгарон, ки бояд соли оянда дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 ширкат намоянд, хабар дод.
Се барномаи ҷудогонаи кӯмак бо 4 миллион доллари ИМА, ки ба 160 федератсияи миллӣ пешниҳод мегардад, барои пӯшонидани хароҷоти омӯзиш, иштирок дар мусобиқот ва зист нигаронида шудааст. 2 миллион доллари дигар ба варзишгароне дода мешавад, ки иштирокчии барномаҳои стипендияи FINA ҳастанд, ё дар марказҳои таълимии FINA қарор доранд, ё дар кишварҳои худашон ба тамрин машғуланд.
Грант дар ҳаҷми 460 000 доллари ИМА ҳамчун захираи иловагӣ барои таъмини варзишгарон ба панҷ ташкилоти қитъавии FINA ҷудо карда мешавад.
“FINA ин барномаҳоро таҳия намуд, то изҳории омодагии худро ҷиҳати дастгирии варзишгарони намуди шино, ки дар давраи пандемия, дар самти тамрин ва имкони рақобатпазирӣ ба мушкилиҳо дучор омаданд, иброз намояд”, - гуфтааст FINA.
“Мақсади асосии барномаҳо кӯмаки бевоситаи молиявӣ ба варзишгароне мебошад, ки ба Бозиҳои олимпии Токио омодагӣ мебинанд, - иброз намудааст президенти FINA Ҷулио Маглионе. – FINA аҳамияти дастгирии ҳамаи варзишгарон, хусусан варзишгарони элита, ки имкони ба даст овардани медалро доранд, ҳамчунин варзишгарони камтаҷриба, ки барои иҷрои меъёрҳои олимпӣ талош мекунанд, эътироф менамояд”.Барномаи стипендияи FINA ба 100 варзишгари кишварҳое нигаронида шудааст, ки феълан меъёрҳои интихобии олимпиро иҷро накардаанд. 80 шиновар ва 20 ғаввос интихоб карда мешаванд, ки ба таври ҷиддӣ дар марказҳои FINA воқеъ дар Сенегал, Тайланд, Руссия ва ШМА ба тамрин ва омӯзиш фаро гирифта хоҳанд шуд.